Вазири иттилоти Эрон: Дар соли ҷорӣ оромиш пешбинӣ мешавад

Вазири иттилоти Эрон: Дар соли ҷорӣ оромиш пешбинӣ мешавад

Байналмилал

Вазири иттилооти Ҷ.И.Эрон: “Нишонае барои ҳамлаи низомӣ вуҷуд надорад; дар соли ҷорӣ оромиш пешбинӣ мешавад”

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Сайид Исмоили Хатиб, вазири иттилооти Ҷ.И.Эрон, зимни табйин ва ташреҳи чолишҳо ва фурсатҳои пеши рӯй дар соли 1404 (2025) дар ҳавзаҳои амниятӣ, иттилоотӣ ва низомӣ, бо ишора ба талоши душман барои эҷоди ноамнии равонӣ дар ҷомеа, изҳор кард: “Тавлид ва нашри ахбори ҷаълӣ ва эҷоди як фазои равонӣ бо чолишҳо ва ороишҳои ҷангӣ дар ростои эҷоди ноамнии равонӣ дар ҷомеа, аз ҷумлаи аҳдофи душман аст ва нишонае барои ҳамлаи низомӣ вуҷуд надорад ва оромиши кишвар дар соли ҷорӣ пешбинӣ мешавад.”

Вай хотирнишон кард: “Алорағми мавозее, ки аз ноҳияи ҳайати ҳокимаи ҷадиди Омрико матраҳ мешавад, дар дохили кишвар барои муқобила бо роҳбурди фишори ҳадди аксарии омрикоиҳо, давлати 14-ум (давлати Пизишкиён) бо ҳамкории соири қувваҳо, тадобир ва тамҳидоти лозимро иттихоз кардааст.”

Вазири иттилооти Эрон баён дошт: “Роҳбурди мо дар қиболи таҳдидоте, ки баъзан аз ноҳияи сардамдорони режими саҳюнистӣ ва Омрико матраҳ мешавад, роҳбурди “таҳдид баробари таҳдид” аст ва тамоми қувваҳои низомӣ ва амниятии мо мутамаркиз бар ин роҳбурд аст.”

Mehrnews

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нишасти Туркия ва Исроил дар Боку
Шикоят дар Додгоҳи Байналмилалӣ алайҳи Раҳмон

Матолиби пурбоздид