Таваҷҷуҳи Илон Маск ба мавзӯоти таърихӣ

Таърих

Таваҷҷуҳи Илон Маск ба мавзӯоти таърихӣ

Чиро Илон Маск таърих мехонад?

Сайфуллоҳ Муллоҷон

Чанд рӯз қабл марди сарватмандтарини олам, ки акнун майдони тиҷоратро барои худ танг дида, бо Доналд Трамп иртиботи танготанг баста, дар интихоби дубораи ӯ дар курсии раёсати ҷумҳурии ИМА нақши калидӣ дошт, гуфт, китоби таърихӣ мехонад. Он ҳам чӣ таърихе! Асари муваррихи номдори Юнон Ксенофонт (430-354 то милод). На, иштибоҳ нагиред, «Курушнома»-и Ксенофонтро не. Асари дигари ӯ, ки бо номи «Анабазис» машҳур аст, таваҷҷуҳи Маскро ҷалб карда. Муҳтавои ин китоб перомуни лашкаркашии Куруши Кучак – фарзанди Дориюши II (423-404 то милод) – шоҳаншоҳи дудмони ҳахоманишӣ алайҳи бародараш Ардашери II (404-359 то милод) мебошад. Куруш даъвои салтанат дошту мехост қудратро аз бародараш биситонад. Бо ин манзур даҳ ҳазор марди ҷангии юнониро ба муздурӣ гирифту озими қаламрави шоҳаншоҳии Эрон гашт. Ин ҳодиса дар соли 401-и то милод рух додааст. Анабазис вожаи юнонӣ буда, лафзан ба маънои «боло рафтан аст» ва дар Юнон барои ишора ба ҳар сафаре истифода мешуд, ки аз соҳили дарё ба сарзамини баланду кӯҳистонӣ сурат мегирифт. Аммо ба таври хосс ин иборат ба сафар аз савоҳили ғарбии Осиёи Хурд (Туркияи имрӯза) ба дарбори шоҳаншоҳии ҳахоманишӣ ишора дошт.

Аммо Куруши Кучак – ин шоҳзодаи моҷароҷуву хирасар, ки мардуми бегонаро муҷаҳҳаз карда, ба сӯйи ҳаммеҳанони хеш ва ҳатто бародари худ басич карда буд, бо ин далел худро сазовори салтанат ва вориси падар медонист, ки мегуфт, «ман замоне ба дунё омадаам, ки падарам шоҳ буд, дар ҳоле ки бародарам Ардашер қабл аз расидани падарам ба тоҷу тахт мутаваллид шуда». Далеле ки сари бештари шоҳзодаҳои таърихи моро бар бод додааст. Ин ҷо суханро ба дарозо намекашам. Мехоҳам ба ин нукта таваҷҷуҳ кунем, баъзе шоҳони гузаштаи таърихи мо, хусусан шоҳзодаҳо, кутаҳфикру нобакор будаанд, ки барои тоҷу тахт борҳо кишварро барбод додаанду мардумони онро ба мусибату бало гирифтор кардаанд. Дар ҳамин хонадони ҳахоманишӣ мо шоҳе дорем бо номи Ардашери III (359-338 то милод) , ки барои нигаҳдории тоҷу тахти хеш беш аз сад бародарро ба қатл расонда, худ низ чанд сабоҳе баъд дар ниҳояти хориву зиллат кушта шуд. Чунин ҳолати бо неруи бегона ба сарзамини худ лашкар кашидану мардумонро ба бадбахтӣ ва меҳанро ба вайронӣ доданро мо дар давраҳои дигари таърихамон низ борҳо таҷриба кардаем.

Ксенофонт – ин файласуфи муаррих ё муаррихи файласуф аз шогирдони Суқроти ҳаким буд ва дар ин лашкаркашӣ иштирок дошт. Ксенофонт шоҳиди айнии воқеаҳо буду ҷараёни онро навишта. Ӯ аз ҳунари размоварӣ баҳравар буд. Вай ва дигар юнониён барои пул меҷангиданд. Зеро Куруши Кучак ба онҳо миқдоре пешпардохт (аванс) карду ваъдаҳои зиёд дод, ки агар пирӯз гардам, фулон кунаму баҳмон. Аммо ин лашкаркашӣ ва ё дурусттараш моҷароҷӯӣ (aventure) ба нокомӣ дучор шуд. Дар айни ҷанг Куруши Кучак кушта шуд ва лашкари юнонӣ бо як ақибнишинии тактикӣ ба ақаб баргашта, саранҷом то Юнон расиданд.

Ончӣ Илон Маскро ба хондани ин китоб тарғиб кард, вазъи имрӯзаи Шарқи Наздик, хусусан Эрон аст. Трамп таҳдид кард, ки агар он чиро ӯ мехоҳад, яъне созишномаи ҳастаӣ бо Эрон, ба даст наояд, Эронро бомборон мекунад. Сиёсати касифро бинед, ки тавофуқи қаблӣ байни кишварҳои 5 ба иловаи 1-ро, ки соли 2015 байни Эрону қудратҳои бартари ҷаҳон (ИМА, Иттиҳодияи Аврупо, Англия, Олмон, Чин, Русия ва Фаронса) баста шуд, соли 2018 аз ҷониби ҳамин Трамп бекор карда шуд. Акнун ӯ аз Эрон мехоҳад, ки дубора сари мизи музокирот бо ИМА биншинаду ба хостаҳои ин ғули яккатозу раҳбари беҳаёи он тан дардиҳад. Илон Маск мехоҳад бигӯяд, ки мо ғарбиҳо ва ворисони тамаддуни Юнону Руми бостон (душманони Эрони Ҳахоманишӣ, ашконӣ ва сосонӣ) ва Аврупои асримиёнагием, ки мутбакири ҷангҳои салибӣ алайҳи миллали Шарқ буданд. Ҷанге, ки ҳеч гоҳ поён наёфт. Пас аз суқути давлати Усмонӣ, ки ҷаҳони ислом бесоҳиб монду комилан ба мустаъмараи ғарбиҳо табдил ёфт, шиорҳои он камранг шуд. Аммо пас аз ҳаводиси моҳи сентябри соли 2001 дубора вирди забонҳо гардид. Ҷорҷ Буши хурдӣ ошкоро аз ҷанги нави салибӣ сухан ба миён оварда, дақиқан мисли Попи Рум Урбани II, ки соли 1095 «ҷиҳод алайҳи кофирон»-ро эълон дошт, рафтор кард. Ҷагҳои салибӣ (1095-1270) яке аз ҳодисаҳои нангини таърихи башар ба шумор меоянд, ки мубтакири онҳо дастгоҳи Ватикан аст. Бар асари ин ҷангҳо миллионҳо инсон ҳалок ва бехонаву дар гаштанд. Попи вақт Иоҳан Павели II (1978-2005) барои ҷиноятҳои калисо дар ҷараёни ин ҷангҳо аз мусулмонон узр ҳам пурсид.

Буш инчунин шиори маъруфи салибдорон «DEUS VULT – Худо чунин мехоҳад»-ро бар забон ронду нияти хешро низ ошкор кард ва ду кишвари мусулмонӣ – Афғонистон ва Ироқро ба хоку хун кашид. Чанд рӯз пеш вазири ҷанг (на дифоъ!!!, чун ИМА ҳамеша ҷанг карда)-и ИМА Пит Хегсет низ бо навиштани ин шиор ва холкубии вожаи «КОФИР» бо ҳуруфи арабӣ бар дасти росташ нишон дод, ки уву кишвараш чӣ нияте нисбат ба ҷаҳони ислом дорад. Ӯ шиори салибии «DEUS VULT – Худо чунин мехоҳад»-ро низ ба дасти росташ холкубӣ кардааст.

Бо вуҷуди чеҳранамоии абарқудратҳои истеъморӣ дар сад соли охир, ҳанӯз ҳам баъзе аз мардумони шарқу мусулмон фирефтаи шиорҳои авомфиребонаи кишварҳои истеъморӣ буда, бар хилофи манофеи давлатӣ ва миллӣ бо ин низомҳо ҳамкорӣ мекунанд ва чӣ басо нақшаҳои шуми онҳоро пиёда мекунанд. Ҳамин аврупоиҳо саду анд сол қабл арабҳоро фиреб дода, онҳоро дар муқобилии давлати Усмонӣ басич карда, пас аз пирӯзӣ бар Усмонӣ бар гардани арабҳо савор шуданд ва арабҳо низ хуб саворӣ доданду ҳанӯз медиҳанд, ҳарчӣ медиҳанд ….. Ҷадидҳои Бухорову Туркистон (назири Файзулло Хоҷаев) низ пас аз шикаст хурдани ҳаракати ислоҳот ба домани болшевикҳо паноҳанда шуда, кишварҳои худро, ҳарчанд қафомонда буданд, бо ду дасти адаб ба бегонаҳо супурданд. Дар давоми 10-15 соли баъдӣ низоми бошевикӣ ин раҳбарони маҳаллии Осиёи Миёнаро ба қатл расонд ва кишвари онҳо аз истиқлоли нисбӣ низ маҳрум шуду фарҳангу забону ойини ҳамқавмонашон поймоли аҷнабиён гардид. Имрӯз баъзе аз гурӯҳҳои мухолифи низоми Эрон низ бо ИМА ва Исроил ҳашру нашр доранд, ки хилофи мантиқу ойини ватандорист. Мухолифат бо низоми сиёсӣ ва ҳукумат дигар асту ҳамкорӣ бо як давлати бегона, ки кишвари шуморо таҳдид карда, чизи дигар, агарчӣ бадтарин режим ҳам дар қудрати сиёсии кишвари шумо бошад. Таърих ҳеч гоҳ чунин ҳамкориро намебахшад ва ақли солим низ онро тавҷеҳ намекунад. Бояд фаромӯш накунем, ки Чингизи хунхор низ вақти лашкаркашӣ ба сарзамини мо ба мардум мегуфт, ки мехоҳад шарри ҳокими Утрор Ғойирхон ва султони беурза Муҳаммади Хоразмшоҳро аз сари мардум дур кунад. Вале таърих шаҳодат медиҳад ки ин қавм «омаданду канданду сухтанду куштанду бурданду рафтанд». Мубаллиғони болшевик низ дар замони истиқрори ин низом миёни мардум ҷор мезанданд, ки «тарафдори бенавоёнанду душмани сарватмандон», вале беҳтарин фарзандони ҳамин сарзаминро ба куштан доданду дар ҷараёни сохти колхозӣ ҳазорон нафарро бехуномон карданд.

Пас, кишварҳои тозаистиқлоли минтақаи мо, хусусан равшанфикронро зарур аст, ки ин саҳифаҳои таърихро имрӯз аз манзари манофеи миллӣ гаштаву баргашта ба мардуми худ бифаҳмонанд, то дубора ба чоҳ науфтем ва дар ин гирдоби бозиҳои деви махуфи истеъмори ҷадид, истиқлолу сарзамини худро аз даст надиҳем.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайфуллоҳ Муллоҷон)
Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ғусса махур
Гузориши вежаи Reuters дар мавриди Ироқчӣ

Матолиби пурбоздид