Дар ҳошияи баҳси миллигароӣ
Оё сабаби “аз даст додани ҳама чиз”, миллигаро набудан аст?
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Он чи беш аз ҳар чизе инсонро ранҷ медиҳад, довариҳо ва қазоватҳои афрод бар асоси пешфарзҳои зеҳниашон аст. Шумо матлабе менависед, аммо тараф бе он ки таъаммули кофӣ дар матлаби мавриди назар карда бошад, зуд доварӣ ва изҳори назар мекунад; он ҳам доварӣ на бар асоси муҳтавои матлаб, балки бар пояи як силсила пешфарзҳои зеҳнии худ, мисли ин пешфарз, ки нависанда дар пайи заминасозӣ барои “бадбахтиҳои оянда” аст, ӯ “тоҷик нест, як шахси фурӯхташуда аст”, “ҳадафаш мағзшӯии ҷавонон ва иҷрои супориши хоҷагонаш аст” ва аз ин навъ пешфарзҳо ва пешдовариҳои беасос.
Ду рӯз пеш, ёддоште навишта будам таҳти унвони “Миллигароӣ ва зеҳни инсон” ва дар ҳошияи он, ду се тан аз азизон изҳори назарҳое фармуданд, ки мисли рӯшноии хуршед маълум буд, ки бар асоси ин гуна пешфарзҳост.
Имрӯз тасмим гирифтам, ҷиҳати тавзеҳ, ҳамон матлаби кӯтоҳро андаке ба тафсил бинависам, бошад, ки азизон дуруст бифаҳманд.
Инак, бо баёни чанд нукта матлабро тавзеҳ медиҳам:
1) Касе, ки миллигароиро сарзаниш мекунад, ин тақбеҳи вай, лузуман ба маънои ин нест, ки ӯ “тоҷик нест” ва аз миллаташ “безор” аст ва ин гуна ҳарфҳо. Ҳаргиз ва абадан! Балки қазия дуруст баръакс аст, ки дар поёни ин ёддошт тавзеҳ хоҳам дод.
Ва сониян, ин пиндор, ки сабаби “аз даст додани ҳама чиз” аз сӯйи мо, тоҷикҳо миллигаро набудани мо будааст, пиндоре бисёр сахиф аст! Намедонам, ин гумони беасос аз куҷо дар зеҳни азизон шакл гирифта ва русух пайдо кардааст, аммо воқеият баръакси он аст. Ва беҳтарин далелаш, нигоҳ ба таҷрибаи миллатҳои перомунамон ва миллатҳои дунё дар саду анде соли ахир аст.
Дар охирҳои қарни 19 ва оғози қарни 20, Урупо ба ин вирус сахт гирифтор шуд. Нухбагон бо ҳамин бовар, яке пас аз дигаре ба сари қудрат мерасиданд, то он ки дар Олмон, нозиҳо – ки ба зудӣ тавзеҳ хоҳам дод, ин миллигароие, ки азизон мегӯянд, дар ҳақиқат ва моҳият кучактарин фарқе бо нажодгароӣ надорад – сари қудрат расиданд ва ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бар мабнои ҳамин идеулужӣ яъне ин бовари беасос, ки “ман аз ту беҳтарам” ва “ман оқсуякам ва ту пасту ҳақир ҳастӣ” даргирифт ва саранҷом Олмони нозӣ шикаст хӯрд ва бо шикасти Ҳитлер, басоти нажодгароӣ ва нозигарӣ низ дар Урупо барчида шуд.
Аммо бо камоли таассуф, ин вируси хатарнок, бо барчида шудан дар Мағрибзамин – ки албатта дар ҳоли ҳозир дар ҳоли аз нав эҳё шудан аст – аммо дар Машриқзамин ва хусусан дар кишварҳои мусалмон ривоҷ пайдо кард (ки албатта пеш аз ҷанги ҷаҳонии дуввум, дар Машриқзамин ин вирус реша давонда буд) хусусан пас аз суқути Имперотурии Усмонӣ. Дар Эрон масалан касе чун Ризо Паҳлавӣ ва сипас писараш, Муҳаммадризо ба сари қудрат омаданд. Дар Туркия Мустафо Камол Отатурк. Дар Миср баъдҳо, Ҷамол Абдунносир ва дар Ироқ Ҳасан ал-Бакр ва дар Сурия Ҳофиз Асад ва ғайра. Нуқтаи муштараки ҳамаи инон миллигароӣ аст; ҳамон миллигароие, ки кучактарин тафовут бо нозигарӣ надорад.
Азизон метавонанд барои ошноии бештару беҳтар, бо маншури миллигароӣ, ки дар ин чанд кишвар ривоҷ пайдо кард муроҷеа кунанд. Он гоҳ хоҳанд фаҳмид, ки кучактарин фарқе бо идеулужии нозигарӣ надоштааст.
Хуб, ҳама медонанд ва ниёз ба овардани далелу шоҳид ҳам нест, ки ин кишварҳо дар сояи ин идеулужӣ на танҳо пешрафте накарданд, ки бадбахт шуданд ва ҳанӯз идома дорад. Миллигароӣ инҳоро ба гуфтаи худашон, воқеан бечора кардааст.
Он вақт воқеан аламовар аст, ки гуфта шавад, миллигароӣ сабаби пешрафт аст!
2) Нуктаи дуввум – ки муҳимтар аст ва шояд бештари азизон аз он мутталеъ ва огоҳ нестанд – ин аст, ки: ин миллигароӣ, ки азизон аз он мегӯянд, фақат ин нест, ки ҳар инсоне, мансуб ба миллати муайяне аст ва бояд ба фарҳанги миллиаш ва таърихаш ва ба гузаштагонаш биболад. Фақат ин нест. Ин табиист. Балки миллигароие, ки аз он мегӯянд, як идеулужӣ аст, ки бар асоси ҷаҳонбинии хоссе устувор аст. Албатта соҳибонаш ибое ҳам аз ин надоранд, ки бигӯянд, ин як идеулужӣ аст. Яъне чизе назири як мактаби фикрӣ.
Масалан, мо мӯътақидем, ислом як мактаби фикрӣ аст, як идеулужӣ аст, ки бар мабнои ҷаҳонбиние хосс аз ҳастӣ ва инсон бино шуда. Ин миллигароие, ки аз он мегӯянд, чизе шабеҳи ҳамин аст, як мактаби фикрӣ аст. Ба ҳамин хотир, онҳо исломро рақиби худ медонанд, оре тасреҳ намекунанд, аммо дар воқеъ ва дар замирашон, исломро дар арзи миллигароие, ки ба он мӯътақиданд медонанд. Ин ки мегӯянд, аввал тоҷик баъд мусалмон, ҳикоят аз ҳамин ҳақиқати талх мекунад, зеро онҳо мусалмон буданро дар арзи тоҷик будан медонанд, ин дуро қобили ҷамъ намедонанд, балки қоил ба аввалу дуввумӣ ҳастанд.
Хуб, ин миллигароӣ, дақиқан ҳамон нажодгароӣ аст. Бовар надоред! Пас лутф кунед, китоберо, ки Ҳитлер нигошта яъне китоби “Набарди ман” – ки иттифоқан ба форсӣ ҳам тарҷума шуда – ва китоберо, ки Мишел Афлақ, поягузор ва назарипардози Ҳизби Баъс навишта мутолеа кунед. Ва ё суханрониҳои Ҷамол Абдунносирро, ки ба сурати китоб даромада мутолеа кунед. Оё фарқе миёни ин ду мебинед?! Ҳаргиз ва абадан! Фарқашон фақат дар ин аст, ки Ҳитлер ориёҳоро “оқсуяк” медонад ва Ҷамол Абдунносир арабҳоро. Иттифоқан шиори миллигароёни араб бисёр шабеҳи шиори миллигароёни тоҷик аст. Панарабҳо низ мегӯянд, мо аввал арабем, баъд мусалмон!
3) Нуктаи севвум ин ки: ин миллигароӣ ва ба тариқи авло нажодгароӣ, ношӣ аз ҳақорати нафс аст, худкамтарбинӣ аст. Тавзеҳ ин ки: як миллат вақте худро дар баробари миллате дигар ҳақир мебинад (дуруст мисли ин ки масалан тоҷик ва ё ӯзбак ва ё қирғиз ва ғайра дар Русия вақте худро дар баробари русҳо таҳқиршуда мебинад) ин эҳсоси ҳақорат, дар замири нохудогоҳи ӯ ба тадриҷ ба як уқда табдил мегардад ва ҳисси интиқом дар ӯ эҷод мешавад, бад ҷурӣ ҳам эҷод мешавад. Он гоҳ ин уқда рафта-рафта ба ин сурат зуҳуру буруз мекунад, ки мо – як миллате муайян масалан тоҷикҳо – бояд муттаҳид шавем ва он чи моро муттаҳид месозад ва ба истилоҳ, мояи ваҳдат ва якпорчагии мост, мансубияти мо ба миллат ва нажоди мост, на чизе дигар. Ва он вақт бар мабнои ҳамин ваҳдат, кишварамонро месозем ва ба ҷойе мерасем, ки касе натавонад моро таҳқир кунад ва ба истилоҳ, зӯр ва қудратманд мешавем.
Ин аст усораи миллигароӣ ва ё нажодгароӣ. Албатта маҳалгароӣ низ реша дар ҳамин дорад, бо ин фарқ, ки ҳисси интиқом дар як маҳалгаро, дар баробари афроди минтақа ва маҳалли дигар аст, ки албатта баҳси ин дигар аст.
4) Нуктаи ахир он ки: дар боло гуфтам, касе ки миллигароиро тақбеҳ мекунад, лузуман “душмани” миллати худ ва ё аз он “безор” нест, балки қазия дуруст баръакс аст. Чӣ хел баръакс? Ҳоло тавзеҳ медиҳам.
Тавзеҳ ин ки: ҳар инсоне дӯст дорад шинохта шавад ва мавриди таваҷҷӯҳ ва эҳтиром бошад, ин ғаризӣ аст. Ҷомеа низ чунин аст. Афроди як миллат дӯст доранд мавриди эҳтиром бошанд. Ин ки дӯст доред, тими футболи кишваратон масалан, қаҳрамон гардад ва ё дӯст доред, кишваратон пешрафта бошад ё масалан кишваратон як абарқудрат бошад, инҳо бархоста аз ҳамон эҳсоси ғаризӣ аст, яъне ношӣ аз ин аст ки инсон дӯст дорад, мавриди таваҷҷӯҳ бошад, ки бармегардад ба ҳубби зот, ки баҳсаш ҷудост ва ин ҷо нест.
Ҳоло, як вақт аст, шумо барои ин ки собит кунед, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ бошед, ба таърифу тамҷиди худ ва тақбеҳу сарзаниши дигарон мепардозед. Як вақти дигар аст, ки шумо амалан нишон медиҳед, ки воқеан касе ҳастед, ки бояд мавриди эҳтиром бошад.
Миллигароӣ ҳамон аввалӣ аст. Миллигаро, дуруст мисли фурӯшандае дар бозор аст, ки барои ин ки молаш ба фурӯш бирасад, кораш тақбеҳ ва бад нишон додани моли дигарон ва таърифу тамҷид аз моли худ аст. Аммо дар ин миён, фурӯшандае ҳам ҳаст, ки барои он ки молаш ба фурӯш бирасад, ӯ ба фикри боло бурдани кайфияти молаш аст, на тақбеҳу бад ҷилва додани моли дигарон, то дигарон аз миёни молҳои мутанаввеъ моли ӯро интихоб ва бихаранд.
Ба ҳамин хотир аст, ки як миллигаро, боризтарин вежагӣ ва хусусияташ ин аст, ки мудом миллате дигарро тақбеҳу сарзаниш ва худашро таърифу тамҷид мекунад: мо ориёиҳо инему онем, аммо он туркон ва ё он аъроб биёбонгард ҳастанд ва чизе нестанд, тамаддун ҳамааш моли мост, аммо онҳо чизе нестанд ва ғайра. Кораш фақат барангехтани нафрати дигарон нисбат ба худ аст. Воқеан нафратовар аст! Шумо агар бештари ҷангу даргириҳо дар таърихро бибинед, ҳатто дар қарни 20-умро, мебинед аз ин гуна тасаввурот нашъат гирифтаанд.
Ту вақте миллати дигареро тақбеҳ мекунӣ, фикр намекунӣ, ки ӯ душманат хоҳад шуд?! Одам бояд саъю талош кунад, дӯстонаш зиёд шаванд, на душманонаш. Бояд коре бикунӣ, ки он дигаре туро дӯст бидорад, на ин ки душманат бишавад.
Ту ба ҷойи ин ки бигӯӣ, фалон миллат ғайримутамаддин, саҳрогард ва ғайра аст, коре кун, ки ҳам-ӯ туро дӯст бидорад. Ту нишон бидеҳ, ки ӯро дӯст дорӣ, хайрашро мехоҳӣ. Куреиҳо бо сохтани чанд сериал, користон карданд! Қаблан инро дар як мақола гуфта будам. Баъд аз пахши ин сериалҳо, қаҳрамони он филм, яъне Ҷумунг, ба маҳбубтарин чеҳра дар Эрон табдил гардид. Вақте Ҷумунг ба чеҳраи маҳбуб бадал гашт, миллияти ӯ ба табаъи ӯ низ мавриди эҳтиром гардид.
Дар ин сериалҳо, Ҷумунг ба унвони фарде нишон дода шудааст, ки ҳамаи сифоти волои инсонӣ ва вежагиҳои писандида дар ӯ ҷамъ шудааст, инсон беихтиёр ба якчунин инсоне алоқа пайдо мекунад. Бузургии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар ин аст, ки дар қаҳрамонҳои он бавежа Рустам, волотарин вежагиҳои инсонӣ ҷамъ шудааст. Одам вақте ошиқи Рустам мешавад, нохудогоҳ ошиқи миллияти ӯ ҳам мешавад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн