Бузургтарин таҳқири уммат
Ёддошти Абдуманнон Шералиев
Бузургтарин таҳқири уммат, масрафи беҳуда ва хатои сиёсӣ
Танҳо ба ин хотир, ки худро аз Эрон ҳимоят кунанд ҳозиранд 1 триллион доллар масраф кунанд. Он ҳам барои ҷалби ризояти Амрико. Аммо ин танҳо як бахши кор аст ва масраф шояд ду баробари ин шавад. Ҳамин ташкили ҷаласа масалан 70 миллион доллар масраф доштааст. Таъсиси “НАТО-и исломӣ”, ки дар сададаш ҳастанд, ҳатман масрафи чандсадмиллиардии дигар ҳам хоҳад дошт. Ва ин ҳама масрафест, ки танҳо Арабистони Саудӣ қарор аст таҳмил кунад. Масрафи умумии кишварҳои Халиҷ барои ин кор шояд аз ҳадди 2 триллион убур кунад. Ва ин ҳама барои муқобала бо Эрон ва шояд ДОИШ.
Хуб 2 триллионро канор гузорем ва ба ҳамин 1 триллион, ки алъон мушаххас шудааст бингарем. Ин 1 триллион доллар, ки 15 сифр дорад агар байни мусалмонони ҷаҳон тақсим мешуд ба ҳар нафар 1000 долларӣ мерасид. Агар танҳо байни фақиронаш тақсим мешуд, 2000 долларӣ. Яъне як оилаи иборат аз 5 нафар 10000 доллар дарёфт мекард. Дар 70 дарсади кишварҳои мусалмоннишин якбора тамоми мардум ба синфи миёна табдил мешуд. Як оила дар 70 дарсади ин кишварҳо бо 10 ҳазор доллар метавонад як корхонаи истеҳсолии кӯчак бунёд кунад. Яъне мешуд тамоми оилаҳои фақири мусалмони рӯи заминро ба истеҳсолкунанда табдил дод.
Гузашта аз ин, мешуд бо ин пул дили тамоми умматро ба даст овард, ки дигар на танҳо Эрон, худи Амрико ҳам ҳеҷ даҳшате надошт. Вале бо масрафи 1 триллион доллар, ки бешубҳа ба тамоми уммати ислом тааллуқ дорад, на танҳо худро хору залил карданд, балки сари умматро ба таври бесобиқае хам карданд. Як хатои сиёсии чанд султахоҳ боис шуд, ки 1 миллиард мусалмон рӯзи чандум аст, ки эҳсоси ҳақорат мекунад. Аммо сардамдорони ин миллате, ки 1300 сол ҳарфи аввалро дар Замин мезад, назди душмани аслии он, ки душманиашро пинҳон ҳам намекунад, зону задаанд ва аз он ифтихор мекунанд.
Абдуманнон Шералиев
Қаламонлайн