Қуръони боз

Фарҳанг
Қуръони боз
Ба муносибати солгарди реҳлати Имом Хумайнӣ (р)
Шеъре аз Озар Салим, шоири тоҷик дар васфи Имом Хумайнӣ (р)
Қуръони боз дасти дуои Имом буд
Ислом бе футуввати ӯ нотамом буд
Дидем дар ниҳоли қадаш иртифои ҳол
То чун санавбарон ба намозаш қиём буд
Гар Офтоб номи ҳамин як ситора аст
Пас ҷони офтобии ӯро чӣ ном буд?
Хурмо шавад хаёли зиёдаш, ки мар варо
Дар соясори нахли вилоят муқом буд
Қуръон, ки бозгашт аз ӯ ёд мекунам
Қуръони боз дасти дуои Имом буд *
* * *
* Аз табори Офтоб, шеъри шоирони тоҷик дар васфи Имом Хумайнӣ, саҳ.28
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Боздошти террористони доишӣ дар Эрон
Кабутарвор меоям ба обу донае дилхуш…

Матолиби пурбоздид