Интиқоли асноди иттилоотии Исроил ба Эрон
Ахбори байналмилал
Хатиб: “… Адади ҳазорон санад, ки дар бархе манобеъ матраҳ шуда, дар баробари вусъати воқеии ин иттилоот андак аст…”
Ҷузъиёти амалиёти иттилоотии Эрон алайҳи таъсисоти атомӣ ва роҳбурдии Исроил аз забони вазири иттилооти Ҷ.И.Эрон
Хатиб: “Асноди ба даст омада аз Исроил, ба зудӣ мунташир мешавад”
Ба гузориши хабаргузории Форс
Сайидисмоили Хатиб, вазири иттилооти Ҷ.И.Эрон эълом кард, ки сарбозони гумном дар иқдоме печида ва чандлоя муваффақ шуданд ба як ганҷинаи азими иттилоотӣ, амалиётӣ ва илмӣ аз режими саҳюнистӣ даст ёбанд ва онро бо муваффақият ба дохили кишвар мунтақил кунанд.
Вай бо ишора ба аҳаммияти ин дастовард таъкид кард: “Ба лутфи илоҳӣ, нерӯҳои иттилоотии кишварамон бо ҳиммати воло ва талоши бевақфа муваффақ шуданд аснодеро ба даст оваранд, ки танҳо тавсифи он бо унвони “ганҷинаи иттилоотии роҳбурдӣ” мумкин аст. Адади ҳазорон санад, ки дар бархе манобеъ матраҳ шуда, дар баробари вусъати воқеии ин иттилоот андак аст.”
Вазири иттилооти Ҷ.И.Эрон бо баёни ин ки асноди ба даст омада танҳо маҳдуд ба ҳавзаи атомӣ нест, изҳор кард: “Асноди комили атомии режими саҳюнистӣ, асноди муртабит бо иртиботи ин режим бо Омрико, Урупо ва бархе дигар аз кишварҳо (кишварҳои арабӣ) ва низ иттилооте, ки ба шаклгирии қудрати офандии иттилоотии Ҷумҳурии Исломӣ кӯмак хоҳад кард, аз ҷумлаи бахшҳои калидии ин маҷмӯаи иттилоотӣ аст.”
Хатиб бо таъкид бар аҳаммияти амнияти масири интиқоли ин иттилоот, гуфт: “Ҳамон тавр, ки интиқоли ин ганҷина замонбар ва ниёзманди тамҳидоти амниятӣ буд, равишҳо ва шеваҳои нуфуз ва интиқол низ комилан маҳрамона боқӣ хоҳад монд. Ҳарчанд замони зиёде барои ин амалиёт сарф шуд, аммо дастоварди он бисёр арзишманд аст ва иншоаллоҳ бахшҳое аз ин аснод дар оянда мунташир хоҳад шуд.”
Вазири иттилооти Ҷ.И.Эрон тасреҳ кард: “Ин амалиёти бузург бо тарроҳӣ ва барномарезии дақиқ, аз мароҳили аввалияи нуфуз, ҷазби манобеъ ва афзоиши тадриҷии дастрасӣ ба иттилоот оғоз шуд ва дар ниҳоят, бо алтофи илоҳӣ ва талоши бевақфаи сарбозони гумном, ба натиҷа расид.”
Гуфтанист, манобеъи огоҳ дар минтақа иттилоъ доданд, ки дастгоҳи иттилоотии Ҷумҳурии Исломии Эрон анбӯҳе аз иттилоот ва асноди роҳбурдӣ ва ҳассос аз ҷумла тарҳҳо ва таъсисоти атомиро аз сарзаминҳои ишғолӣ хориҷ кардааст.
Созмони амнияти дохилии Исроил (Шин Бет) ва пулиси Исроил ду нафар шаҳрванди Исроилро ба номҳои Рои Мизрахи и Алмога Атиаса, ҳар ду 24-сола, дар иртибот бо ин парванда дастгир кардаанд.
Қаламонлайн