Донишгоҳи маърифат ва сармашқи намуна
Мактаби инсоният
Бар асоси шавоҳиди таърихӣ, ҳазрати Хадиҷа дар фазоили ахлоқӣ бисёр маъруф буд, ки ба ин сабаб, дигар занони араб ба ӯ ҳасад меварзиданд.
Ҳамин фазилатҳои ҳазрати Хадиҷа сабаб шуд, ки барои ҳамсарии Паёмбар (с) интихоб шавад. Тибқи ривоёт ҳазрати Хадиҷа (с) ёвари сиддиқи Паёмбар (с) буд.
Он ҳазрат бонуе буд хирадманд, дурандеш ва шарофатманд ва аз назари насаб аз бартарин занони Қурайш буд.
Ӯ дар асари имтиёзоти ахлоқӣ ва иҷтимоии фаровоне, ки дошт, дар замони ҷоҳилият “Тоҳира” ва “Сайидатул-Қурайш” номида мешуд.
Заҳабӣ мегӯяд: “Маноқиб ва фазоили Хадиҷа бисёр аст. Ӯ аз ҷумлаи занони комил, оқил, пойбанд ба диёнат ва боиффату карим ва аз аҳли биҳишт буд. Паёмбар (с) ҳамеша ӯро мадҳу сано мекард ва аз дигар модарони мӯъминин бартар медонист.”
Ҳазрати Хадиҷа (с) чунон мақоми болое дошт, ки Худованд ба он ҳазрат салом расондааст.
Имом Муҳаммади Боқир (а) мефармояд: “Паёмбар (с) вақте ки аз Меъроҷ бармегашт, ба Ҷабраил (а) фармуд: “Оё ҳоҷате дорӣ?” Ҷабраил (а) арз кард: “Хостаам ин аст, ки аз тарафи Худо ва ман ба Хадиҷа салом расонӣ.”
Қаламонлайн