Риши Сунок: Назми ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии Ғарб суқут кардааст
Бояд бо Эрон, Русия ва Чин муқобила кунем
Байналмилал
Нахуствазири пешини Бритониё, бо ҳушдор дар бораи нақши Эрон, Чин, Русия ва Куреи Шимолӣ дар назми ҷаҳонии оянда, хостори шаклгирии як эътилофи ҷадид миёни “демукросиҳо” дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, фанноварона ва амниятӣ шуд.
Риши Сунок, нахуствазири собиқи Англис, дар мақолае, бо эътироф ба суқути назми ҷаҳонӣ таҳти раҳбарии Ғарб, ки баъд аз ҷанги ҷаҳонӣ эҷод шуда буд, таъкид кард, ки рақибони Ғарб аз ҷумла Эрон, Чин ва Русия дар ҳоли эъмоли тағйироте бунёдин дар назми ҳоким бар ҷаҳон ҳастанд.
Нахуствазири собиқи Англис дар ин мақола, ки дар рӯзномаи Wall Street Journal мунташир шуда, даҳаи ояндаро яке аз хатарноктарин аммо дар айни ҳол дигаргункунандатарин давраҳое тавсиф мекунад, ки ҷаҳон то кунун таҷриба кардааст. Ӯ ҳамчунин Чин, Русия, Эрон ва Куреи шимолиро давлатҳои “иқтидоргаро” тавсиф кардааст, ки саъй доранд аз мавқеияти кунунӣ баҳра бибаранд.
Сунок бо ишора ба ин ки назми байналмилалии қаблӣ баъд аз ҷанги сард аз байн рафта ва дигар бознахоҳад гашт, мегӯяд, афкори умумӣ онро канор гузоштаанд ва маҳдудиятҳояш ба вузуҳ мушаххас шудааст. Ӯ ҳамчунин мегӯяд, фанноварӣ дар ҳоли тағйир додани ҷаҳон аст ва рақобати суннатии қудратҳои бузург дубора аз сар гирифта шудааст. Ба гуфтаи Сунок, Иёлоти Муттаҳида акнун барои аввалин бор дар 40 соли гузашта, бо рақиби иқтисодӣ, фанноварона ва низомӣ ҳамчун Чин рӯ ба рӯст.
Ӯ дар идома навишт, ки дар чунин шароите, ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва фанноварӣ бояд ба таври ҳамзамон анҷом шавад. Ба гуфтаи ӯ, дигар тавофуқоти маъмули тиҷорати озод ё иттиҳодҳои низомии суннатии мутааллиқ ба қарни 19-ум барои вазъияти феълӣ кофӣ нест. Сунок таъкид кард, ки бояд як широкати ҷомеъ эҷод шавад, ки тамоми ин ҳавзаҳоро пӯшиш диҳад ва афзуд, ки Иёлоти Муттаҳида бояд дарк кунад ҳеч кишваре ба танҳоӣ қодир ба муқобила бо иттиҳоди Эрон, Русия, Чин ва Куреи шимолӣ нест.
Сунок ҳамчунин навишт: “Наметавонем интизор дошта бошем, ки аз ҳимояти дӯстонамон баҳраманд шавем, агар худамон мушорикате надошта бошем.” Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои урупоӣ бояд ҳозир бошанд, барои амнияти худ фидокориҳои бештаре анҷом диҳанд. Бинобар ин, сангбинои ин широкати ҷадид, бояд афзоиши будҷаи дифоъӣ аз сӯйи ҳамаи тарафҳо бошад.
Ӯ эълом кард, ки тақрибан тамоми аъзои Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ (НАТО) ӯҳдадор шудаанд, ки то соли 2035, 5 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилии худро сарфи амнияти миллӣ кунанд. Аммо Сунок таъкид кард, ки ба тартиботи густардатар ниёз аст – тартиботе, ки минтақаи ҳавзаи Отлонтики Шимолиро дарбар гирад. Ба бовари ӯ, таҳқиқ ва тавсиа дар ҳавзаи дифоӣ ба андозаи хариди таҷҳизоти низомӣ аҳаммият дорад.
Сунок навишт, ки Иёлоти Муттаҳида ба танҳоӣ наметавонад бо суръати лозим худро мусаллаҳ кунад, зеро зарфияти корхонаи киштисозии Тсзяннан дар Чин бештар аз маҷмӯи тамоми корхонаҳои киштисозии Иёлоти Муттаҳида аст. Бо ин ҳол, Куреи Ҷанубӣ ва Жопун дуввумин ва севвумин тавлидкунандагони бузурги киштӣ дар ҷаҳон ҳастанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, як роҳбурди муштараки тавлид байни муттаҳидон, тавони рақобат бо Чинро хоҳад дошт.
Сунок хотирнишон кард, ки бо таваҷҷӯҳ ба бӯҳронҳои молӣ аз ҷумла касрии будҷа дар Бритониё, Фаронса ва Олмон дар солҳои ахир, афзоиши ҳазинаҳои дифоъӣ бо монеаҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Дар ҳамин росто, нахуствазири собиқи Ангилис хостори коҳиши тақобулҳои иқтисодӣ аз ҷумла ҷанги таърифаҳо шуд.
Ба бовари Сунок, қудрати иқтисодии давлатҳои демукротик яке аз қавитарин абзорҳои онҳост. Ӯ онро абзоре барои мутақоъид кардани кишварҳои бетарафи ҷаҳонӣ барои ҳамсӯӣ бо Ғарб ба ҷойи Чин ва Русия донист. Ба илова, тақвияти тиҷорат миёни муттаҳидон метавонад аз шиддати паёмадҳои иқтисодии ношӣ аз ҷудо шудан аз Чин дар ҳавзаҳои роҳбурдӣ бикоҳад. Ӯ таъкид кард, ки дар асри рақобати ҳамаҷониба, наметавон бо рақибони геополотикӣ ба ҳамон шевае доду ситад кард, ки бо дӯстон анҷом мешавад.
Ӯ дар идома навишт, ки “рискзудоӣ” бояд севвумин унсури ин широкати ҷадид бошад. Ба гуфтаи Сунок, ҳамагирии Круно нишон дод, ки Чин чӣ гуна аз тиҷорат ба унвони абзори фишор истифода мекунад. Чин контроли занҷираи таъмини даҳҳо колои ҳаётиро дар ихтиёр дорад ва ин танҳо ба манобеъи маъданӣ маҳдуд намешавад. Сунок навишт, ки беш аз як чаҳоруми доруҳои зарурӣ, аз ҷумла беш аз 80 дарсади антибиотикҳо, ба маводди аввалияе муттакӣ ҳастанд, ки аз Чин таъмин мешавад.
Сунок тасреҳ кард, тасаввури ин ки як кишвар битавонад ба танҳоӣ дар ҳамаи манобеъи роҳбурдӣ худкифо бошад, ғайривоқеӣ аст. Аммо демукросиҳои ҷаҳон, дар сурати ҳамкории ҷамъӣ, метавонанд ба ин ҳадаф бирасанд.
Унсури чаҳоруми мавриди таъкиди Риши Сунок, ҳамкории фанноварона аст. Ӯ менависад, барои ҷилавгирӣ аз интиқоли фанноварӣ ба рақибони геополотикӣ ва кунд кардани раванди он, кишварҳо бояд ба як рӯйкарди муштарак дар заминаи контроли содирот, сармоягузорӣ дар бахшҳои ҳассос ва ҳифозат аз таҳқиқоти илмӣ даст ёбанд. Сунок ҳушдор медиҳад, кишварҳое, ки дар ин замина таъаллул варзанд ё вобастагии худро ба фанноварии чинӣ ҳифз кунанд, бояд аз имтиёзҳои тиҷорати озод маҳрум шаванд. Ӯ таъкид мекунад, ки дар заминаи фанновариҳои пешрафта, садоқати комил зарурӣ аст ва ҷойе барои мумошот ё дупаҳлу амал кардан вуҷуд надорад.
Сунок ҳушдор медиҳад, ки агар Чин дар ҳавзаи ҳуши маснуъӣ аз Ғарб пешӣ бигирад, на фақат аз манзари иқтисодӣ, балки дар ҳавзаи роҳбурдӣ низ бартарӣ хоҳад ёфт, чаро ки корбурдҳои низомии ин фанноварӣ бисёр ҳаётӣ аст. Ӯ ба нақл аз Си Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин менависад, ки “фанноварии пешрафта силоҳи тези давлати модерн аст” ва раҳбарони Чин омодаанд барои дастёбӣ ба аҳдофи худ, аз равишҳои номутақорин истифода кунанд.
Ӯ бори дигар бар лузуми иттиҳодҳо барои ҳифзи амният ва рифоҳи муштарак таъкид мекунад. Ба гуфтаи Сунок, занҷираи таъмин танҳо ба Иёлоти Муттаҳида маҳдуд нест ва кишварҳои муҳимме чун кишварҳои урупоӣ, Куреи ҷанубӣ, Тойвон ва Жопун низ нақши асосӣ дар он доранд. Ӯ ёдовар мешавад, ки Чин талош карда аз норизоятиҳои мавҷуд дар равобити ду сӯйи Отлонтик (Урупо ва бо Омрико) баҳрабардорӣ карда ва Ҳуланд (Нидерландия)-ро таҳти фишор бигузорад, то контролҳои содиротӣ бар мошинолотро коҳиш диҳад.
Унсури панҷуми ин сохтори пешниҳодӣ, энержӣ аст, ки ба гуфтаи Сунок, “хуни ҷорӣ дар рагҳои иқтисод аз замони инқилоби санъатӣ” будааст. Аз он ҷо, ки санъати ҳуши маснуъӣ, энержибар аст, аҳаммияти энержии арзон ва пойдор ҳар рӯз бештар мешавад. Сунок менависад, ки Иёлоти Муттаҳида ба истиқлоли энержӣ даст ёфта, аммо ин мавзӯъ дар мавриди бисёре аз муттаҳидони Омрико сидқ намекунад ва ҳамин масъала боиси бурузи рискҳои геополотикӣ шудааст.
Ӯ таъкид мекунад, ки рақибони Ғарб ба аҳаммияти энержӣ огоҳанд. Ба эътирофи Сунок, Чин то поёни ин даҳа, бузургтарин баҳрабардори энержии ҳастаӣ дар ҷаҳон хоҳад буд. Пекин дар заминаи фанноварии ҳастаии насли чаҳорум, аз соири кишварҳо ҷилвтар аст. Сунок хостори шаклгирии як мушорикати ҷадид дар ҳавзаи энержии ҳастаии ғайринизомӣ аст, то ҳазинаҳо коҳиш ёбад ва имтиёзҳои ин фанноварӣ ба иштирок гузошта шавад. Ӯ ҳамчунин пешниҳод мекунад, аз таҷрибаи муваффақи кишварҳое монанди Куреи ҷанубӣ дар ин ҳавза баҳра гирифта шавад.
Сунок дар поёни мақола, таъкид мекунад, ки сӯҳбат аз як меъмории навини иқтисодӣ, фанноварона ва амниятӣ миёни муттаҳидон шояд дар зоҳир манфиатталабона ба назар бирасад, аммо дар воқеъ масъалае аст, ки ба рифоҳи мардуми онҳо гиреҳ хӯрдааст. Ӯ ҳушдор медиҳад, ки агар муттаҳидони ғарбӣ ба инфиъоли худ идома диҳад, кишварҳое, ки ӯ онҳоро “Меҳвари иқтидоргаро” тавсиф мекунад яъне Чин, Русия, Эрон ва Куреи Шимолӣ, ба зудӣ назми ҷаҳонии ҷадидеро бино хоҳанд кард.
(Wall Street Journal)
Қаламонлайн