Ислом омад то инсонро рифъат бахшад
Сайид Қутб
“Ислом бо ин вузуҳ ва хулуси комил ва бо ин ҷазми қотеъ омад…
Омад, то инсонро рифъат бахшад ва ӯро аз пайвандҳои замину хок ва аз пайвандҳои гӯшту хун, ки инҳо низ аз навъи ҳамон пайвандҳои замину хок ҳастанд, бираҳонад.
Ва аз ин рӯ ягона ватан барои мусалмон, ҷойе аст, ки дар он шариати Худо ба иҷро дармеояд ва равобити ин ватан бо сокинони он, бар асоси иртибот бо Худо шакл мегирад.
Ва мусалмон усулан ҷуз ҳамон ақидааш, ки ӯро ба узвияти “уммати мусалмон” ва “дорулислом” дармеоварад, миллият ва нажоде надорад.
Ва хешовандӣ ва қаробати фарди мусалмон, танҳо аз эътиқод ба Худо сарчашма мегирад. Ва аз ин рӯ пайванди ӯ бо хонаводааш, фақат ба хотири Худо барқарор мешавад…”
(Сайид Қутб, Нишонаҳои роҳ; (Маолиму фит-тариқ), саҳ.114)
Қаламонлайн