Ynetnews: Паёмҳои омодагии ҷанг аз ҷониби Эрон

Ynetnews: Паёмҳои омодагии ҷанг аз ҷониби Эрон

Ахбори байналмилал

Як рӯзномаи исроилӣ навишт, мавозеъ ва изҳороти мақомоти аршади Эрон паёме аз омодагии онҳо барои ҷанге ҷадид бо Исроил аст.

Рӯзномаи исроилии Ynetnews (Едиот Аҳронот) навишт, раҳбарони Эрон нисбат ба ташдиди танишҳо бо Исроил ва Омрико ҳушдор медиҳанд ва ба ҷойи оташбас, таваққуфи феълиро марҳилае шикананда аз ҷанг эълом мекунанд ва ҳамзамони Урупо ва Вошингтунро ба партоби мушак таҳдид мекунанд.

Бар асоси ин гузориш: сарлашкар Яҳё Раҳим Сафавӣ, мушовири раҳбари Эрон ва фармондеҳи собиқи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, эҳтимоли ҷанги дигаре бо Исроилро рад накарда ва ҳушдор додааст, ки вазъияти феълӣ як марҳилаи бесубот аст, на як оташбас.

Ӯ гуфт: “Мо акнун дар оташбас нестем, балки дар марҳилае аз ҷанг ҳастем – ва ин оташбас метавонад ҳар лаҳза фурӯ бирезад. Ҳеч протокол ё тавофуқе байни мо ва исроилиҳо – ё байни мо ва омрикоиҳо – вуҷуд надорад”.

Сафавӣ бар ниёзи Эрон ба тақвияти қобилиятҳои таҳоҷумӣ ва дифоъии худ, аз ҷумла диплумосӣ, амалиёти сойберӣ, мушакҳо ва паҳподҳо таъкид мекунад ва изҳор медорад: “Мо мӯътақидем, ҳар касе, ки хоҳони сулҳ аст, бояд барои ҷанг омода шавад ва беҳтарин дифоъ, ҳамла аст”.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Расонаи исроилӣ: Нобудии таъсисоти энержии исроилӣ тавассути Эрон
Фирқаи ноҷия кадом аст?

Матолиби пурбоздид