Ҷузъиёте аз ҳамалоти мушакии Яман бар фарози Исроил
Ахбори байналмилал
Ҷузъиёти ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Яман ба аҳдофе дар Ҳайфо ва Қудси ишғолӣ
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман изҳор дошт, ки ин амалиётҳои вежа дар ҳоле анҷом шуд, ки мардуми озода ва мустақилли Яман ба ҳамроҳи тамоми озодагони уммати исломӣ худро омодаи гиромидошти милоди Паёмбари мукаррами ислом (с) мекунанд; паёмбаре, ки мусалмононро ба иззат, қудрат ва пирӯзӣ раҳнамун сохт ва онҳоро ба ёрӣ расондан ба мазлумон ва истодан дар баробари душманон ва адами дӯстӣ бо онҳо супориш кард.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идомаи пуштибониҳои ин кишвар аз мардуми Ғазза ва дар чорчӯби вокуниши аввалия ба таҷовузоти Исроил ба Санъо, эълом кард, ки аҳдофе ҳаётӣ ва муҳим дар шаҳрҳои Қудс ва Ҳайфои ишғолӣ бо мушак ва паҳпод мавриди ҳамла қарор гирифтааст.
Ба гузориши Алмаёдин, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман, эълом кард, ки дар ёрӣ ба мардуми мазлуми Фаластин ва муҷоҳидони азизи он ва дар вокуниш ба ҷиноёти наслкқшии саҳюнистҳо дар ҳаққи мардуми Ғазза ва гуруснагӣ додани омидона ба онҳо ва низ дар чорчӯби вокуниши аввалия ба таҷовузоти Исроил ба Яман, ягони мушакии Яман амалиёти низомии вежае дар сарзаминҳои ишғолӣ тартиб додааст.
Сартип Сареъ афзуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо мушаки билистик ва ҳойперсуник (мфавқи савт) аз навъи “Фаластин-2” ҳадафе муҳим ва ҳассос барои душмани исроилӣ дар ғарби шаҳри ишғолии Қудсро мавриди ҳамла қарор доданд ва амалиёт ба лутфи Худованд ба ҳадафи худ расид ва мӯҷиби фирори миллионҳо саҳюнисти ғосиб ба паноҳгоҳҳо шуд.
Вай тасреҳ кард, ҳамчунин ягони паҳподии нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо ба коргирии паҳподе, ба ҳадафе ҳаётӣ дар минтақаи ишғолии Ёфо (Талавив) ҳамла кард, ки ин амалиёт низ ба кӯмаки Худованд ба ҳадафи худ расид.
Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман изҳор дошт, ки ин амалиётҳои вежа дар ҳоле анҷом шуд, ки мардуми озода ва мустақилли Яман ба ҳамроҳи тамоми озодагони уммати исломӣ худро омодаи гиромидошти милоди Паёмбари мукаррами ислом (с) мекунанд; паёмбаре, ки мусалмононро ба иззат, қудрат ва пирӯзӣ раҳнамун сохт ва онҳоро ба ёрӣ расондан ба мазлумон ва истодан дар баробари душманон ва адами дӯстӣ бо онҳо супориш кард.
Сартип Яҳё Сареъ дар поён гуфт, ки Яман ба анҷоми масъулияти динӣ, ахлоқӣ ва инсонии худ дар қиболи мардуми Ғазза то таваққуфи таҷовузот ва рафъи муҳосира аз ин борика амал хоҳад кард.
Қаламонлайн