Масъулон бояд аз қудрат ҳарф бизананд на аз заъф
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Масъулон ровии қудрат ва қувват ва имконоти кишвар бошанд ва на ровии заъфҳо”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар дидор бо раиси ҷумҳури ин кишвар ва ҳайати вазирон аз ҷумла гуфт: “Дӯстоне, ки аз миёни масъулони кишвар бо мардум сухан мегӯянд, бояд ровии қудрат, тавонмандиҳо ва зарфиятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бошанд; ҳамон гуна, ки имрӯз дар ин суханронӣ шоҳид будем. Набояд фақат ривоятгари заъфҳо буд. Бале, мо низ монанди ҳар кишвари дигаре, заъф, нақс ва камбудҳое дорем, аммо қувватҳо ва дастовардҳои бисёре ҳам вуҷуд дорад; талошҳое, ки сурат гирифта ва пешрафтҳое, ки ба даст омада бояд барои мардум бозгӯ шавад.”
Вай афзуд: “Дар ин замина, расонаҳо низ масъулияти сангине доранд, чӣ матбуот, чӣ садо ва симо ва ҳатто муҳимтар аз ҳама, масъулони давлатӣ. Замоне, ки дар маърази диди мардум ва пушти баландгӯҳо қарор мегиранд, набояд ровии нотавонӣ, яъс ва ноумедӣ бошанд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ гуфт: “Афроде, ки дар расонаҳо мақола менависанд, дар фазои маҷозӣ фаъолият доранд ё дар садо ва симо минбар дар ихтиёрашон аст, бояд муроқиб бошанд сухане нагӯянд, ки ба зиёни кишвар тамом шавад. Набояд сирфан бар заъфҳо тамаркуз кунанд, балки лозим аст нуқоти қуввати воқеӣ ва зарфиятҳои билфеъли кишварро барои мардум бозгӯ кунанд, то руҳияи миллӣ тақвият шавад ва эътимоди умумӣ ҳифз гардад.”
qalamonline.net
Қаламонлайн