Баёнияи расмии Ҳамос

Баёнияи расмии Ҳамос

Ахбори байналмилал

Ҷунбиши Ҳамос (сешанбе) хабар дод, ки амалиёти терури сарони Ҳамос дар Дуҳа шикаст хӯрд ва роҳ ба ҷойе набурд.

Ба гузориши Алмаёдин, Ҳамос бо ишора ба ин ки дар ин ҳамалот, 5 нафар аз вобастагони раҳбарони Ҳамос ба шаҳодат расиданд, гуфт: “Давлати Омрико бо ҳимояти доим аз таҷовузгарӣ ва ҷиноёт алайҳи миллати мо, масъули ин ҷиноят аст.”

Муқовимати Фаластин бо ишора ба ин ки ин ҳамалот, ҷинояти шанеъ ва таҷовузи ошкор алайҳи Қатар аст, тасреҳ кард: “Ин ҷиноят, таҷовузи фоҳише алайҳи ҳокимияти Қатар аст, ки бо Миср, нақши муҳимме дар миёнҷигарӣ барои оташбас ва табодули усаро доштааст.”

Режими Исроил дар ҷараёни ҳамла ба Қатар, даст ба амалиёти терур алайҳи раҳбарони Ҳамос дар Дуҳа зад. Мақомоти аршади ин режим хабар доданд, ки Исроил омили инфиҷорҳои Дуҳа буда ва бо ҳадафи терури раҳбарони Ҳамос сурат гирифтааст.

Дар ин миён артиши режими Исроил низ бо судури баёнияе, масъулияти инфиҷор дар Дуҳаро бар ӯҳда гирифт. Артиши саҳюнстӣ эълом кард, ки бо ҳамкории Шобок ва аз тариқи нерӯи ҳавоӣ, сохтмони ҷунбиши Ҳамосро ҳадафи ҳамлаи ҳавоии дақиқ қарор додааст.

Ҳамос бо таъкид бар ин ки ин ҳамалот бори дигар моҳияти ҷинояткоронаи Исроилро нишон дод ва собит кард, ин режим аз ҳар фурсате барои ҷилавгирӣ аз тавофуқ истифода мекунад, номи шуҳадоро ба шарҳи зайл эълом кард:

Ҷиҳод Лабид (Абубилол) – мудири дафтари Халил ал-Ҳайя;

Ҳумом ал-Ҳайя (Абуяҳё) – писари Халил ал-Ҳайя;

Абдуллоҳ Абдулвоҳид (Абухалил) – ҳамроҳ;

Мӯъмин Ҳасуна (Абуумар) – ҳамроҳ;

Аҳмад ал-Мамлук (Абумолик) – ҳамроҳ

Муқовимати Фаластин бо ишора ба ин ки Бадр Саъд Муҳаммад ал-Ҳумайдӣ, аз нерӯҳои амниятии Қатар дар ин ҳамалот шаҳид шуд, гуфт: “Ин ҳамалот дар замоне сурат гирифт, ки ҳайати музокиракунанда, дар ҳоли баррасии пешниҳоди ахири Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико буд. Ҳамин масъала ҷойи шукр боқӣ мегузорад, ки Натонёҳу ва кобинаи вай ба ҳеч унвон ба дунболи ҳеч гуна тавофуқе нестанд.”

Ҳамос бо таъкид бар ин ки Натонёҳу тамоми талошҳо барои ҳусули ҳар тавофуқеро ноком хоҳад гузошт, тасреҳ кард: “Натонёҳу ва кобинаи вай ҳеч аҳамияте барои ҷони усарои худ қоил нестанд ва ба ҳокимияти кишварҳо амният ва саботи минтақа низ эҳтиром намегузоранд.

Ин ҷунбиши фаластинӣ бо ишора ба ин ки ин ҷиноят нишон дод, режими саҳюнистӣ хатар алайҳи минтақа ва ҷаҳон аст, хотирнишон кард: “Натонёҳу қасд дорад, масъалаи миллӣ ва ҳуқуқи мардуми моро ҳазф кунад ва ононро маҷбур кунад ба сурати иҷборӣ аз кишвари худ хориҷ шаванд.”

Ҳамос зимни дархост аз соири кишварҳо ва Созмони Милал барои маҳкум кардани ин ҷинояти ваҳшиёна, гуфт: “Ҳар гуна талош барои терур боис нахоҳад шуд, мавозеъ ва мутолиботи мо тағйир кунад. Мутолиботи мо шомили таваққуфи фаврии таҷовуз, хуруҷи комили артиши Исроил аз навори Ғазза, табодули усаро ва бозсозии навори Ғазза аст.”

Ҳамос дар поён гуфт: “Ин ҷинояти теруристӣ дар азму иродаи мо халале эҷод нахоҳад кард, балки мо то нобудии Исроил, ба масири муқовимат идома хоҳем дод, то битавонем кишвари худро ба пойтахтии Қудси шариф ташкил диҳем.”

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баёнияи Эрон дар маҳкумияти ҳамлаи низомии Исроил алайҳи Қатар
Қатар: Дар баробари ҳамлаи Исроил кӯтоҳ намеоем

Матолиби пурбоздид