Таърихчаи робитаи Теҳрон бо муқовимати Фаластин

Таҳлили хабарӣ

Таърихчаи робитаи Теҳрон бо муқовимати Фаластин

Гузорише дар шабакаи Алҷазира

Байналмилал

Беш аз чаҳор даҳа аст, ки ҳимояти Эрон аз фаластиниҳо, аз ҷумла ҷунбиши муқовимати исломӣ (Ҳамос) ва душманӣ бо Исроил, аз аркони аслии сиёсати хориҷаи Теҳрон маҳсуб мешавад. Оғози ин робита ба рӯзҳои пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар соли 1979 бозмегардад; замоне, ки Ёсир Арафот, раиси вақти Созмони озодибахши Фаластин, танҳо як ҳафта пас аз пирӯзии инқилоб ба Теҳрон сафар кард ва ба унвони нахустин меҳмони хориҷии Ҷумҳурии Исломӣ шинохта шуд. Дар ҷараёни ин сафар, сафорати Исроил дар Теҳрон ба сафорати Фаластин табдил шуд.

Таърихчаи робита

Дӯстии Арафот бо бунёнгузорони Ҷумҳурии Исломӣ ва наздикони онҳо дар арсаҳои сиёсӣ ва намодин ҷилвагар шуд. Чафияи фаластинӣ ба суръат дар миёни нерӯҳои басиҷи вобаста ба Сипоҳи Посдорон дар даврони ҷанги Эрону Ироқ ва сипас дар миёни мақомоти расмӣ ривоҷ ёфт ва ба яке аз намодҳои инқилобӣ бадал шуд. Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ низ ҳамвора аз ин чафия истифода карда ва гоҳ онро ба дидоркунандагон ҳадия медиҳад, ки нишонаи истимрори намоди фаластинӣ дар сиёсати Эрон аст.

Эрон ҳеч гоҳ аз ҳимоят аз Фаластин даст накашидааст. Ин ҳимоят пас аз таъсиси ҷунбиши Ҳамос афзоиш ёфт ва ба бахше асосӣ аз роҳбурди минтақаии Эрон табдил шуд. Яҳё Синвор, раиси шаҳиди шохаи Ҳамос дар Ғазза, пештар эълом карда буд, ки “равобит бо Эрон бисёр олӣ аст ва Ҷумҳурии Исломӣ бузургтарин ҳомии гурдонҳои Иззуддин Қассом ба шумор меравад”.

Дар сатҳи расмӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон борҳо таъкид кардааст, ки “Эрон бидуни мулоҳиза ва муҷомила, аз Фаластин ҳимоят карда ва хоҳад кард”.

Ҳимояти густарда

Пас аз рӯйдоди 7-уми октябри 2023 (амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо”), бархе нозирон Эронро ба иртиботи ғайримустақим бо ин амалиёт муртабит донистанд, ҳарчанд Теҳрон борҳо таъкид кардааст, ки аз он беиттилоъ будааст.

Акнун, пас аз дастёбӣ ба тавофуқе барои поёни ҷанги Ғазза, Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико эълом кард, Эрон танҳо 2 моҳ бо дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ фосила дошта ва Тромп таъсисоти онро нобуд кардааст. Тромп ин иқдомро “зарурӣ барои имкони ҳар гуна тавофуқ миёни Исроил ва Ғазза” тавсиф кард. Дар муқобил, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ оташбас дар Ғаззаро “пирӯзии муқовимати фаластинӣ” донист.

Бо вуҷуди ин таҳаввулот, печидагиҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ сабаб шудааст равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳҳои фаластинӣ, бавежа Ҳамос, ҳамвора таҳти таъсири тавозуни ҳассос миёни аҳдофи сиёсӣ, мулоҳизоти амниятӣ ва манофеъи минтақаӣ боқӣ бимонад.

Дар ин замина, Ҳусайн Рӯйварон, устоди мутолеоти Фаластин дар Донишгоҳи Теҳрон, дар гуфтугӯ бо Алҷазира таъкид кард, ки робитаи Эрон бо муқовимати Фаластин, аз бунёнҳои идеологӣ дар сохтори низоми сиёсии Эрон нашъат мегирад ва на аз тасмимоти сиёсии муваққат.

Вай тавзеҳ дод: “Низоми Эрон, бар хилофи низомҳои мубтанӣ бар мудели “давлат-миллат”, бар 2 пояи “давлат-миллат” ва “уммат-миллат” устувор аст ва ба ҳамин далел, масъалаи Фаластин барои Ҷумҳурии Исломӣ як мавзӯъи меҳварӣ талаққӣ мешавад.

Ҳамоҳангӣ ва ҳамафзоӣ

Рӯйварон афзуд: “Ҳимояти Теҳрон аз муқовимат ҳеч гоҳ ба ҳувият ё гароиши фикрии гурӯҳҳои фаластинӣ чӣ исломӣ, чӣ чапгаро ё миллигаро маҳдуд набудааст. Мабнои ин ҳимоят асли муқовимат дар баробари ишғолгарӣ ва озодсозии сарзамин аст, аз ҳамин рӯ Эрон аз пирӯзии инқилоби исломӣ то кунун, дар канори тамоми гурӯҳҳои муқовимат истодааст.”

Ба гуфтаи вай, ин рӯйкард бо тағйири ҷараёнҳои сиёсӣ дар дохили Эрон низ дучори таҳаввул нашудааст, чӣ дар даврони ҳокимияти усулгароён ва чӣ ислоҳталабон, ҳар 2 зери чатри низоми исломӣ амал мекунанд, ки Фаластинро дар садри авлавиятҳои худ медонад.

Дар хусуси таҳаввулоти пас аз 7-уми октябри 2023, ин устоди донишгоҳ таъкид кард, амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” нуқтаи атфе дар масири муқовимати фаластинӣ буд, ки аз марҳилаи дифоъӣ ба марҳилаи таҳоҷумӣ гузар кард.

Ӯ бо ишора ба суханони раҳбари Ҷ.И.Эрон гуфт, ҳарчанд Теҳрон аз ин амалиёт иттилоъи қаблӣ надошт, аммо ҳамчунон ба ҳимояти сиёсӣ ва расонаӣ аз муқовимат идома дод ва дар канори муттаҳидони Меҳвари Муқовимат дар Яман, Лубнон ва Ироқ истод.

Вай хотирнишон кард: “Бо вуҷуди фишорҳо ва чолишҳое, ки Теҳрон бо ҳамаи онҳо рӯбарӯ аст, ин таҳаввули низомӣ, моҳияти робитаи Эрон ва муқовимати Фаластинро тағйир надод, балки онро тақвият кард ва ба самти ҳамоҳангӣ ва ҳамафзоии бештар миёни аҷзои Меҳвари Муқовимат савқ дод.

Дар ҳамин ҳол, Ҳодӣ Бурҳонӣ, устоди дигари мутолеоти Фаластин дар Донишгоҳи Теҳрон, ёдовар шуд, ки Эрон дар гузашта ба далели фосилаи ҷуғрофиёӣ, тафовути забонӣ ва мазҳабӣ ва ҳамчунин сиёсатҳои режими салтанатии пеш аз инқилоб, ки ба Ғарб гароиш дошт, аз масъалаи Фаластин дур буд.

Aljazeera

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Зарбаи мушакии Эрон ба паноҳгоҳи махфии низомии Исроил
Фаҳми Қуръон авлотар аст ё анҷоми ҳаҷ?

Матолиби пурбоздид