Моҳӣ дар шаст
Муаррифии филм
Муҳиддин Музаффар, коргардони ҷавон як бори дигар собит кард, ки ӯ дар синамои мо фарди тасодуфӣ нест ва ҳар чӣ дар ин ҳунар то ҳоло гуфта, санҷида ва ҳирфаӣ гуфта. Шоми рӯзи сешанбе, 14 октябр бо гурӯҳе аз дӯстон филми нави “Моҳӣ дар шаст” -и ӯро тамошо кардем. Филми муштараки Тоҷикистону Эрон, ки соли 2025 тавлид шуда; ба нависандагии Бахтиёр Каримов ва коргардонии Муҳиддини Музаффар.
Хуршед Мустафоев (Самад), Абдулло Абдураҳимзода (Далер), Сайёра Сафарӣ (Нигора), Исфандиёр Ғуломов ( Муйсафеди 92 сола) аз ҷумлаи бозигарони нақшҳои меҳварии ин филм ҳастанд. Филм достони зиндагии Далери даҳсоларо бозгӯ мекунад, ки дар парваришгоҳе ба сар мебарад ва муносибати пурмеҳру самимӣ бо сармураббияи ин муассиса дорад. Ҳаводиси филм умдатан атрофи нақшҳо ё характерҳои Самаду Далер ва Нигора, сармураббияи парваришгоҳ ё ятимхона ( ҳамсари Самад ) сурат мегирад. Муҳиддин бо забони рамзу абзорҳои ҳунарӣ тавониста ҷаҳонии ботинии Далеру Самад ва Нигораро барои бинанда боз кунад.
Далери кучак ва муштоқи дидори модар дар роҳи расидан ба ин ҳадаф “ба камол мерасад” ва ҳатто бо шеваи бархурд ба ҳаводиси муҳити атрофаш боиси тағйири хисолу рафтори ҳамсафараш Самади Буҷул мешавад, ки зиндагиашро ин навъи қимор табоҳ карда.
Диолуг ё муколамаҳои Далер бо Самаду Нигора ва гуфтугуи Самад бо мӯйсафеди 92 солаи роҳгузаре ки ба зиёрати оромгоҳи модараш меравад, ҳовии паёмҳои муҳиме дар бораи маънии зиндагӣ, озодагию ворастагӣ ва қадру қимат ва ҷойгоҳи инсон дар ин даври гардун будааст.
Тасвири дарахти сабзи навбар, тасмимгирӣ дар сари сероҳа, сайди моҳӣ ва раҳо кардани моҳиҳои ба қулоб афтода аз сӯи Далер, гиряи тифли навзоде ки аз хонаи модари Далер ба гуш мерасад, аз дасти писарбача раҳо шудани тасвири мошине, ки ӯ барои модараш рӯи коғаз кашида ва онро ҳадя оварда… ҳама намодҳое аз бархурди манофеъ ва таззодҳои рӯзгори қаҳрамонони аслии филм ҳастанд.
Далер, ки ба гуфтаи коргардони филм аз миёни 1800 донишомӯзи парваришгоҳҳои кишвар баргузида шуда, воқеъан аз бозёфтҳои Муҳиддин аст.
Аз бозии Сайёра ҳам хушам омад. Сайёра Сафарӣ барои аввалин бор дар як филми коргардони тоҷик ҳузур пайдо кард ва чӣ ҳузури ҷононае! Бахусус вақте шунидам, ки дар филм аз садои худи Сайёра истифода шуда, шигифтзада шудам. Зеро аслан фикр намекардам Сайёра бо забони тоҷикӣ/форсӣ ин қадар хубу равон суҳбат кунад.
Зеро корномаи ҳунарии ӯ 13 филму сериёлро дар Русия дар бар мегирад, ки аз соли 2009 то 2024 сохта шудаанд. Ӯ бештар баъд аз иҷрои нақши марказӣ дар сериёли русии “Гюльчатай» (2011) ба коргардонии Роман Просвирнин дар Русия маҳбубият пайдо кард.
Бозии Хуршед Мустафоев ва Исфандиёр Ғулом низ шоистаи таҳсину ситоиш аст.
Баъд аз тамошои “Моҳӣ дар шаст”, ки аз нигоҳи кори филмбардорӣ ва тадвину садогузорӣ ба назарам олӣ аст, ин байти Аттори Нишопурӣ ба ёдам омад:
Метапам чун моҳиву донӣ чаро,
З-он ки дар дарё ба шаст афтодаам.
Баъд аз тамошои “Моҳӣ дар шаст” бисёре аз тамошочиёни филми ҷадиди Муҳиддин дар толори синамои “Кайҳон” ( маркази собиқи Ашан) ба “шаст”-и ҳунару истеъдоди ӯ афтоданд. Хушбинам, ки ин филм барои синамои тоҷик ҷавоизи зиёдеро ба армуғон хоҳад овард.
Ин филм ахиран дар 30-юмин фестивали байналмилалии бачагон ва навҷавонон дар шаҳри Хемнитсе, Олмон ба намоиш даромада ва нахустнамоиши ҷаҳонии “Моҳӣ дар шаст” бо ҳузури коргардон Муҳиддини Музаффар ва бозигари нақши марказӣ Далер- Абдулло Абдураҳимзода дар Олмон баргузор шуд.
Филм дар 37-умин фестивали байналмилалии филми бачагону навҷавонони Исфаҳон се бор ба намоиш даромад ва Ҷоизаи Дабири ин ҷашнвораро ба худ ихтисос дод. Филмро дар Теҳрон барои аҳли назар намоиш доданд.
Ногуфта намонад, ки ин филм дар Эрон ба номи “Моҳӣ дар қулоб” шинохта мешавад ва агар ин ибораро ба хатти форсӣ дар гугл ҷустуҷу кунед, даҳҳо хабару гузориш ва нақд пиромуни ин филми муштараки тоҷикию эронӣ дар расонаҳои Эрон дастраси шумо мегардад.
“Моҳӣ дар шаст” нахустин филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда аз ҷониби киностудияҳои “Тоҷикфилм”, “Довфилм” , “IFILM” ва ширкати тиҷоратии “SIKAAP” таҳия гардидааст.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Суҳроби Зиё)
qalamonline.net
Қаламонлайн