Телефони вазири ҷанги Амрико ба вазири дифои Ироқ
Ахбори байналмилал
Телефони 11 дақиқаии вазири ҷанги Омрико ба вазири дифои Ироқ: ба зудӣ ба кишваре дар минтақаи шумо ҳамла мекунем, гурӯҳҳои мусаллаҳатон дахолат накунанд
Ба гузориши рӯзномаи фароминтақаии Ашшарқул-авсат, вазири дифоъи Ироқ, Собит ал-Аббосӣ, ҷузъиёти гуфтугӯи телефонии худ бо вазири ҷанги Омрикоро ифшо кард.
Собити ал-Аббосӣ дар мусоҳибае гуфт: “Тамоси кӯтоҳе бо вазири ҷанги Омрико доштам. Ӯ ба ман иттилоъ дод, ки як амалиёти низомии қарбулвуқӯъ дар минтақа дар роҳ аст ва ин охирин ҳушдори мо ба шумост: гурӯҳҳои мусаллаҳи ироқӣ набояд ҳеч вокунише нишон диҳанд.”
Вазири дифои Ироқ афзуд, ки дар тӯли ин тамос мақоми омрикоӣ таъкид кардааст, ки Вошингтун қасд дорад, зарбае пешдастона ё дифоӣ дар яке аз кишварҳои минтақа иҷро кунад ва ҳушдор дода, агар ҳар гуна дахолат ё вокуниш аз сӯйи гурӯҳҳои мусаллаҳи вобаста ба Ироқ мушоҳида шавад, Омрико вокунише сахт нишон хоҳад дод.
Ал-Аббосӣ тавзеҳ дод, ки Бағдод дар ҳоли баррасии таҳаввулоти майдонӣ аст ва бо тарафҳои омрикӣ ва минтақаӣ дар тамоси доим қарор дорад, то аз густариши даргириҳо ба дохили хоки Ироқ ҷилавгирӣ шавад.
Ӯ гуфт: “Мо таъкид кардаем, ки Ироқ набояд майдони даргирии дигарон шавад. Давлати Ироқ ба тамоми гурӯҳҳо ҳушдор дода аз ҳар гуна иқдоми таҳрикомез ё вокунише худсарона худдорӣ кунанд.”
Вазири дифои Ироқ ҳамчунин изҳор дошт, ки давлати Ироқ тааҳҳуд дода, то амнияти пойгоҳҳои эътилофи байналмилалиро дар хоки худ ҳифз кунад, аммо дар айни ҳол аз Омрико хостааст, “дар иҷрои ҳар гуна амалиёти низомӣ, ба ҳокимияти Ироқ эҳтиром бигузорад ва кишварро даргир накунад.”
Дар ин гузориш омадааст, ки тамос миёни ду тараф дар фазои “танишолуд, аммо диплумотик” анҷом шуд ва Омрико ин ҳушдорро “охирин ихтор” хитоб ба Бағдод донистааст.
Ал-Аббосӣ гуфт, ин тамос ҳудуди 11 дақиқа тӯл кашида ва дар он раиси ситоди артиш, муовини фармондеҳии амалиёти муштарак ва мудири иттилооти низомии Ироқ низ ҳузур доштанд.
Вай афзуд, вазири ҷанги Омрико дар поёни тамос ба сароҳат ҳушдор додааст: “Ин охирин ихтори шумост; ва хуб медонед, ки давлати феълӣ чӣ гуна посух хоҳад дод.”
Бархе таҳлилгарон эҳтимол медиҳанд, Омрико қасд дорад ба Яман ҳамла кунад ва Ҳусиҳоро аз байн бибарад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













