Маҳви қаламронии худем
Қитъае зебо аз Зуфархон Ҷавҳарӣ
Чун бехабар зи маънии нодонии худем
Маҳви хаёли тарзи қаламронии худем
Ҳосил накарда нусхаи ҷамъияти камол
Шерозабанди дафтари инсонии худем
Як нуқта аз вуҷуд наему ба чашми ваҳм
Ҷирми басити олами имконии худем
Доми назар намуда чу товуси ин чаман
Яксар шикори дидаи ҳайронии худем
Субҳ аз саводи нома дамондему то ҳанӯз
Мо тахтахони аҳди дабистонии худем
Саргаштатар зи гардиши паргор зери чарх
Марказсавори даври парешонии худем
Барҷаста буд мисраи девони умр, ҳайф
Мо сактабофи тӯли амалхонии худем
Оҳ аз ҳуҷуми мастии ғафлат, ки аз ғурур
Фориғ зи фикри сархати пешонии худем
Бе дасту по фитода ба гирдоби ваҳму занн
Ғарқи худему заврақи тӯфонии худем
Гарди қиёмат аст баланд аз нафас, вале
Ғофил зи ҳашри олами инсонии худем
Тоқи ҳавои нафс фалаксост, то ки мо
Меъмори корхонаи вайронии худем
Дасте назад ба домани шӯҳрат ғубори мо
Кофошёни арзи парафшонии худем
Сар то қадам зи ҷӯши таҳайюр чу оина
Кисваттирози сурати урёнии худем
Пеши назар чу шиша гирифтем айби нос
Ҷоме ба тоқмондаи нисёнии худем
Берун намеравем зи тӯфони рамзи хеш
Ошӯбгарди боди биёбонии худем
Найсони чашми мо, ки чунин ҷӯш мезанад
Дар шустушӯи ҷомаи усёнии худем
Шаш сӯ салои раҳмату мо Ҷавҳарӣ ҳанӯз
Маъюси ҳоли бесару сомонии худем.
ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ
qalamonline.net
Қаламонлайн












