Паёми Тромп дар остонаи раъйдиҳӣ дар Ню-Йорк

Паёми Тромп дар остонаи раъйдиҳӣ дар Ню-Йорк

Ахбори байналмилал

Ба гузориши шабакаи NDTV, соатҳое қабл аз оғози расмии интихоботи ҳассоси шаҳрдории Ню-Йорк, собиқ раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп бо изҳороти ҷадид таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ ҷалб кард.

Ӯ дар паёме ба ҷонибдоронаш даъват намуд, ки аз раъй додан ба номзади чапгаро Зуҳрон Мамдонӣ худдорӣ намоянд. Трамп Мамдониро шахсе тавсиф кард, ки ба гуфтаи ӯ, “ба арзишҳои кумунистӣ такя мекунад” ва пирӯзии ӯ “ба манфиати ҷомеаи амрикоӣ нахоҳад буд.”

Изҳороти Трамп дар ҳоле пахш шуд, ки интихоботи шаҳрдории Ню-Йорк яке аз рақобатҳои пуршиддати сиёсӣ дар сатҳи маҳаллӣ ба шумор меравад ва натиҷаҳои он метавонад паёмадҳои густурда барои ҳизбҳои сиёсӣ дар остонаи интихоботи умумии соли оянда дошта бошад.

Нозирони сиёсӣ мегӯянд, ки чунин суханрониҳо аз сӯи Доналд Трамп нишондиҳандаи идомаи муборизаи шадиди идеологӣ миёни нерӯҳои муҳофизакор ва чапгаро дар саҳнаи сиёсати Амрико мебошад.

Бо вуҷуди интиқодҳои сахт аз сӯи рақибон ва фаъолони сиёсӣ, Трамп ҳамчунон талош дорад дар фазои сиёсӣ ва расонаии кишвар нуфузи худро ҳифз кунад ва ҳаводорони худро дар масири интихоботи навбатӣ мутамарказ намояд.

qalamonline.net

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоиши назарраси буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2026
Роҳи нави ҳавоӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба фаъолият оғоз мекунад

Матолиби пурбоздид