Молдова қарордоди сафарҳои бе раводид бо кишварҳои ИДМ-ро лағв мекунад
Ахбори минтақа
Вазорати корҳои хориҷии Молдова тарҳи қарордодеро таҳия кардааст, ки дар сурати тасвиб, тавофуқномаи сафарҳои бе раводид (визо) барои шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) лағв хоҳад шуд.
Ин тавофуқнома 9 октябри соли 1992 дар шаҳри Бишкек ба имзо расида буд. Бар асоси иттилои расмӣ, тарҳи қарордоди нав дар ҷаласаи ҳукумати Молдова дар моҳи ноябри имсол баррасӣ мегардад ва дар сурати тасвиб, ба порлумони кишвар ирсол хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Молдова, режими нави виза танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ мешавад, зеро байни ин ду кишвар ва Молдова дар бораи сафарҳои бе раводид тавофуқномаи дуҷонибаи ҷудогона вуҷуд надорад.
qalamonline.net
Қаламонлайн













