Меҳри ту маро боло бурд
Қитъаи бисёр зебо аз Аллома Таботабоӣ
Меҳри хубон дилу дин аз ҳама бепарво бурд,
Рухи шатранҷ набурд он чи рухи зебо бурд.
Ту мапиндор, ки Маҷнун сари худ Маҷнун гашт,
Аз самак то ба самокаш кашиши Лайло бурд.
Ман ба сарчашмаи хуршед на худ бурдам роҳ,
Заррае будаму меҳри ту маро боло бурд.
Ман хаси бесару поям, ки ба сел уфтодам,
Ӯ, ки мерафт, маро ҳам ба дили дарё бурд.
Ҷоми саҳбо зи куҷо буду магар дасти кӣ буд,
Ки дар ин базм бигардиду дили шайдо бурд?
Хами абрӯи ту буду кафи минуи ту буд,
Ки ба як ҷилва зи ёрон дилу дин якҷо бурд.
Худат омӯхтиям меҳру худат сӯхтиям,
Бо барафрӯхта рӯйе, ки қарор аз мо бурд.
Ҳама ёрон ба сари роҳи ту будем, вале
Хами рӯйи ту маро диду маро яғмо бурд.
Ҳама дилбохта будему ҳаросон, ки ғамат
Ҳамаро пушти сар андохт, маро танҳо бурд.
qalamonline.net
Қаламонлайн












