Гулистонам орзуст
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ду хусусияти ашъори Мавлоно, ки ҳеч шеъре надорад
Ашъори Мавлоно ду вежагӣ доранд: яке ин ки ҳикматанд, маърифат ҳастанд, маърифат мебахшанд, назири суханони ҳакимон. Ва дигар ин ки як нишот дар шумо эҷод мекунанд ва як ҷунбиш ба наҳве, ки нохудогоҳ ба рақс меойед, назири як суруди нишотовар.
Соири ашъор чунонанд, ки ё маърифат ва ҳикмате дарбар доранд, ки аз ин ҷиҳат, хастакунанда ҳастанд, ба ин маъно, ки билохира энержӣ сарф мекунед ва хаста мешавед, дуруст мисли ин ки як масъалаи бисёр печидаи риёзӣ ва ё фалсафиеро ҳал карда бошед, ки маълум аст хастагӣ бо нишотоварӣ ҳеч синхияте надорад. Ва ё ин ки онҳо фақат нишотоваранд ва ҳеч маърифат ва ҳикмате дарбар надоранд, одамҳо агар ба он алоқа доранд, ба хотири ҳамон нишотоварии онҳост, рафъи хастагӣ мекунанд.
Аммо ашъори Мавлоно ҳар дуро дорад: ҳам маърифатовар ва ҳам нишотангез. Ҳоло чанд намуна биёварам:
Чӣ тадбир, эй мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусалмонам!
На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,
На аз мулки ироқиям, на аз хоки Хуросонам!…
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад,
На тан бошад, на ҷон бошад, набошад ишқи ҷононам.
Ва ё:
Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам.
Дар ман нигар дар ман нигар баҳри ту ғамхор омадам.
Моро ба чашми сар мабин, моро ба чашми сар мабин
Онҷо биё моро бубин, к-инҷо сабуксор омадам
Ва ё як намунаи дигар:
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст!
Ай офтоби ҳусн, бурун о даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаи тобонам орзуст!…
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!…
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳойҳуву наъраи мастонам орзуст!..
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст!
Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо!
Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст!
Сайидюнус Истаравшанӣ
qalamonline.net
Қаламонлайн













