Сарвари занони аҳли биҳишт
Мактаби инсоният
Дар ин ёддошт, ривоятеро аз Саҳеҳи Бухорӣ – ки албатта соири ҳадиспажӯҳон низ онро нақл ва балки ба тафсили бештаре ривоят кардаанд – меоварам; ривояте, ки мӯътақидам, посухе аст қотеъ ба шубаҳоте дар робита бо он бону, ки дар ин рӯзҳо бештар матраҳ мешаванд.
Пеш аз нақли ин ривоят, шоиста аст ҷиҳати ошноии бештар бо он бону ва ҷойгоҳ ва мақоми эшон дар ислом, аввал чанд ривоят – ки ҳама саҳеҳ ҳастанд – биёварам:
1) Ҳазрати Паёмбар (с) фармоянд:
فَاطِمَةُ سَيِّدَةُ نِسَاءِ أَهْلِ الْجَنَّةِ
“Фотима, сарвари занони аҳли биҳишт аст.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 5/29, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/1681/5715
2) Паёмбар (с) фармоянд:
فَاطِمَةُ بَضْعَةٌ مِنِّي، فَمَنْ أَغْضَبَهَا أَغْضَبَنِي
“Фотима пораи тани ман аст, пас ҳар ки ӯро хашмгин созад, маро хашмгин сохта.” (Саҳеҳи Бухорӣ, 5/21, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/1681/5645
Мабодо ба зеҳнамон хутур кунад, ки Фотима чун духти Паёмбар (с) аст ва ҳар инсоне ба фарзанди худ алоқаманд аст ва аз ин рӯ ҳазрати Паёмбар (с) чунин мефармоянд, яъне ангезаи ин сухан аз сӯйи ҳазрати паёмбар (с), алаёзу биллоҳ, ҷуз отифа ва эҳсосоти падарона нест, ҳаргиз ва абадан чунин нест!
Асосан, паёмбарони илоҳӣ ҳеч ҳарф ва ҳатто ҳеч ҳаракаташон бархоста аз амёли шахсӣ нест, онҳо маъсуманд ва ҳар чи мефармоянд ва анҷом медиҳанд, реша дар ваҳйи илоҳӣ дорад:
وَمَا يَنْطِقُ عَنِ الْهَوَىٰ. إِنْ هُوَ إِلَّا وَحْيٌ يُوحَىٰ
“Ва ҳаргиз ба ҳавои нафас сухан намегӯяд, сухани ӯ ғайри ваҳйи Худо нест.” (Наҷм/3-4)
3) Уммулмуъминин Оиша гӯяд:
عَنْ مَسْرُوقٍ حَدَّثَتْنِي عَائِشَةُ أُمُّ الْمُؤْمِنِيِنَ قَالَتْ: إِنَّا كُنَّا أَزْوَاجَ النَّبِيِّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عِنْدَهُ جَمِيعًا لَمْ تُغَادرْ مِنَّا وَاحِدَةٌ فَأَقْبَلَتْ فَاطِمَةُ عَلَيْهَا السَّلَام تَمْشِي لَا وَاللَّهِ مَا تَخْفَى مِشْيَتُهَا مِنْ مِشْيَةِ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَلَمَّا رَآهَا رَحَّبَ قَالَ مَرْحَبًا بِابْنَتِي ثُمَّ أَجْلَسَهَا عَنْ يَمِينِهِ أَوْ عَنْ شِمَالِهِ ثُمَّ سَارَّهَا فَبَكَتْ بُكَاءً شَدِيدًا فَلَمَّا رَأَى حُزْنَهَا سَارَّهَا الثَّانِيَةَ فَإِذَا هِيَ تَضْحَكُ فَقُلْتُ لَهَا أَنَا مِنْ بَيْنِ نِسَائِهِ خَصَّكِ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ بِالسِّرِّ مِنْ بَيْنِنَا ثُمَّ أَنْتِ تَبْكِينَ فَلَمَّا قَامَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ سَأَلْتُهَا عَمَّا سَارَّكِ قَالَتْ مَا كُنْتُ لِأُفْشِيَ عَلَى رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ سِرَّهُ فَلَمَّا تُوُفِّيَ قُلْتُ لَهَا عَزَمْتُ عَلَيْكِ بِمَا لِي عَلَيْكِ مِنْ الْحَقِّ لَمَّا أَخْبَرْتِنِي قَالَتْ أَمَّا الْآنَ فَنَعَمْ فَأَخْبَرَتْنِي قَالَتْ أَمَّا حِينَ سَارَّنِي فِي الْأَمْرِ الْأَوَّلِ فَإِنَّهُ أَخْبَرَنِي أَنَّ جِبْرِيلَ كَانَ يُعَارِضُهُ بِالْقُرْآنِ كُلَّ سَنَةٍ مَرَّةً وَإِنَّهُ قَدْ عَارَضَنِي بِهِ الْعَامَ مَرَّتَيْنِ وَلَا أَرَى الْأَجَلَ إِلَّا قَدْ اقْتَرَبَ فَاتَّقِي اللَّهَ وَاصْبِرِي فَإِنِّي نِعْمَ السَّلَفُ أَنَا لَكِ قَالَتْ فَبَكَيْتُ بُكَائِي الَّذِي رَأَيْتِ فَلَمَّا رَأَى جَزَعِي سَارَّنِي الثَّانِيَةَ قَالَ يَا فَاطِمَةُ أَلَا تَرْضَيْنَ أَنْ تَكُونِي سَيِّدَةَ نِسَاءِ الْمُؤْمِنِينَ أَوْ سَيِّدَةَ نِسَاءِ هَذِهِ الْأُمَّةِ
“Мо, ҳамсарони Паёмбар (с) ҳама дар хидмати Паёмбар (с) нишаста будем, бидуни ин ки яке аз мо берун бошад. Ногаҳон Фотима омад. Роҳ, ки мерафт, ба Худо қасам, бо роҳ рафтани Расули Худо (с) фарқе надошт. Вақте Паёмбар ӯро дид, ба ӯ хушомад гуфт ва фармуд: хуш омадӣ, духтарам! Сипас ӯро дар тарафи рост ё чапи худ нишонд. Баъд матлаберо оҳиста ба ӯ гуфт. Фотима бисёр гирист. Вақте ҳазрат нигаронии Фотимаро дид, як бори дигар оҳиста матлаберо ба ӯ гуфт, ки дидем, Фотима хандид.
Ман (Оиша), аз миёни занони Паёмбар, ба Фотима гуфтам: Расули Худо бо ту оҳиста сухан гуфт ва дар ин наҷво туро аз миёни ҳамаи занонаш имтиёз дод, бо ин ҳол ту гиря мекунӣ? Фотима гуфт: ман ҳаргиз рози Расули Худоро фош намекунам. Вақте Расули Худо аз дунё рафт, ба Фотима гуфтам, ба ҳаққи худам бар ту, туро қасам медиҳам, ки ба ман хабар диҳӣ. Фотима гуфт: алъон ишкол надорад, ба ту мегӯям. Дар бори аввал ба ман хабар дод, ки Ҷабраил ҳар сол як бор тамоми Қуръонро бар ман арза медошт ва имсол ду бор арза дошт ва ин нишонаи наздик шудани аҷали ман аст, пас тақвои илоҳӣ дошта бош ва бар фироқи ман сабр кун, ки ман беҳтарини гузаштагон барои ту будам. Пас, ман ҳамон гуна ки дидӣ, гиристам. Аммо вақте Расули Худо нороҳатӣ ва нигаронии маро дид, оҳиста ба ман фармуд: эй Фотима! Оё дӯст надорӣ, ки сарвари занони мӯъминон ва ё сарвари занони ин уммат бошӣ?” (Саҳеҳи Бухорӣ, 8/64, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/1681/9421
4) Ҳазрати Паёмбар (с) фармоянд:
خَيْرُ نِساءِ العالَمِينَ أرْبَعٌ: مَرْيَمُ بِنْتُ عِمْرانَ وخديجة بنت خويلد وفاطمة بنت محمد وآسية امرأة فرعون
“Сарварони занони олам 4 нафаранд: Марям духтари Имрон, Хадиҷа духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад ва Осия ҳамсари Фиръавн.”
Албонӣ пас аз нақли ин ривоят гуфта: ҳадис саҳеҳ аст.
(Ал-ҷомеъус-сағир ва зиёдотуҳ, 5639, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/21659/5639
Лозим аст такрор кунам, ин фазоил, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар ҳаққи ҳазрати Фотима фармудаанд, на бад-он хотир аст, ки чун падар ҳастанд ва ҳар падаре духтари худро дӯст дорад. Агар чунин мебуд, ҳазрат духтарони дигаре ҳам доштанд, аммо дар бораи онҳо мақому ҷойгоҳе инчунинӣ қоил набуданд. Балки ҳазрати Фотима, фориғ аз он ки духтари Паёмбар аст, дар пешгоҳи Худованд аз мақому манзилати хоссе бархӯрдор буданд ба дараҷае, ки чунонки мебинед, эшонро дар қатори бонувоне чун ҳазрати Марям ва Осия ва Хадиҷа қарор додаанд ва сарвари занони аҳли биҳишт ва ҷаҳониён шумурдаанд.
Яке аз тасаввурҳои бисёр ғалат, ки дидам ҳатто баъзе уламои қадиму ҷадиди ҷаҳони ислом ба сар доранд ин аст, ки гумон мекунанд, агар мо, мусалмонон ва пайравони Хотами паёмбарон (с) маъмур ба дӯст доштани касе чун ҳазрати Хадиҷа ё Фотима ва ё Ҳасану Ҳусайн шудаем, далелаш ин аст, ки чун инон, аз ҳамсарон ё фарзандони он ҳазрат буданд, ки табиатан ҳар касе нисбат ба ҳамсар ва ё фарзандонаш дилбаста аст. Яъне қатъи назар аз шахсияти худи онҳо, фақат ба далели ин ки ҳамсар ва ё фарзандони Паёмбар ҳастанд, бояд дӯсташон дошт.
Дуруст ба далели ҳамин тасаввури ғалат аст, ки мебинед, вақте ҳазрати Хадиҷа ва ё ҳазрати Заҳро таваллудашон ё вафот ва шаҳодаташон гиромӣ дошта шавад, фавран мегӯянд, Паёмбар ҳамсарон ва духтарони дигаре ҳам дошт, чаро барои онҳо маросими бузургдошт баргузор намекунед?!
Ва ҳамчунин ба ҳамин далел аст, ки дар назари ин афрод, тафовуте байни Фотима ва Умми Кулсум ва Руқайя ва ё Зайнаб вуҷуд надорад, чун ҳамагӣ аз духтарони Паёмбар (с) ҳастанд.
Ва ин тасаввур, бисёр ғалат аст. Қуръони Карим вақте ҳамсари ҳазрати Нуҳ (а) ва ё ҳамсари ҳазрати Лут (а)-ро тақбеҳ мекунад, рӯйи ин нукта такя мекунад, ки ҳамсари паёмбар будан, имтиёзе нест ва барои ӯ ҷойгоҳе эҷод намекунад. Бибинед, чӣ мегӯяд:
ضَرَبَ اللَّهُ مَثَلًا لِلَّذِينَ كَفَرُوا امْرَأَتَ نُوحٍ وَامْرَأَتَ لُوطٍ ۖ كَانَتَا تَحْتَ عَبْدَيْنِ مِنْ عِبَادِنَا صَالِحَيْنِ فَخَانَتَاهُمَا فَلَمْ يُغْنِيَا عَنْهُمَا مِنَ اللَّهِ شَيْئًا وَقِيلَ ادْخُلَا النَّارَ مَعَ الدَّاخِلِينَ
“Худованд барои касоне, ки кофир шудаанд, ба ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лут масал задааст; он ду таҳти сарпарастии ду банда аз бандагони солеҳи мо буданд, вале ба он ду (паёмбар) хиёнат карданд ва иртибот бо ин ду (паёмбар) суде ба ҳолашон надошт ва ба онҳо гуфта шуд: “Вориди оташи дӯзах шавед ҳамроҳи касоне, ки ворид мешаванд!” (Сураи Таҳрим, ояти 10)
Бинобар ин, Худованд агар барои ҳазрати Марям (а) ҷойгоҳ қоил ва барояш арҷ гузоштааст, ба хотири ин ки чун модари ҳазрати Исо (а) мебошад нест, балки шахси худи Марям (а) пеши Худо дорои ҷойгоҳ аст; ҷойгоҳ ва мақоме, ки паёмбаре чун ҳазрати Закариё (а) аз он ғибта мехӯрад:
كُلَّمَا دَخَلَ عَلَيْهَا زَكَرِيَّا الْمِحْرَابَ وَجَدَ عِنْدَهَا رِزْقًا ۖ قَالَ يَا مَرْيَمُ أَنَّىٰ لَكِ هَٰذَا ۖ قَالَتْ هُوَ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ ۖ إِنَّ اللَّهَ يَرْزُقُ مَنْ يَشَاءُ بِغَيْرِ حِسَابٍ. هُنَالِكَ دَعَا زَكَرِيَّا رَبَّهُ ۖ قَالَ رَبِّ هَبْ لِي مِنْ لَدُنْكَ ذُرِّيَّةً طَيِّبَةً ۖ إِنَّكَ سَمِيعُ الدُّعَاءِ
“Ҳар замон Закариё вориди меҳроби ӯ (Марям) мешуд, ғизои махсусе дар он ҷо медид. Аз ӯ пурсид: эй Марям! Инро аз куҷо овардаӣ? Гуфт: ин аз сӯйи Худост, Худованд ба ҳар кас бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад. Дар он ҷо буд, ки Закариё (бо мушоҳидаи он ҳама шоистагӣ дар Марям) парвардигори хешро хонд ва арз кард: Худовандо! Аз тарафи худ, фарзанди покизае ба ман (низ) ато фармо, ки ту дуоро мешунавӣ!” (Сураи Оли Имрон, оятҳои 37-38)
Аз ин рӯ вақте ҳазрати Хотами паёмбарон (с) дар ҳадисе саҳеҳ дар бораи ҳазрати Фотимаи Заҳро (а) мефармояд, ки мақом ва ҷойгоҳи Фотима аз мақоми ҷамиъи бонувони рӯйи олам аз ҷумла ҳазрати Марям (а) болост, ин гуфтор ба ин далел нест, ки чун Фотима духтари ӯст. На! Ҳаргиз ва абадан! Балки шахси ҳазрати Фотимаи Заҳро пеши Худованд дорои мақом ва ҷойгоҳ аст.
* * *
Инак, ривояти Саҳеҳ Бухорӣ дар робита бо ҳазрати Заҳро (а), ки дар оғози ин ёддошт ваъдаи нақли онро додам.
Дар ҳадисе нисбатан тӯлонӣ, ҳазрати Фотима (а) баъд аз реҳлати ҳазрати Паёмбар (с) назди Абӯбакр, халифаи аввал омад ва аз ӯ мероси худ аз Фадакро дархост кард, вале халифа ба ин далел, ки Паёмбар (с) фармуда, ки мо, паёмбарон меросе пас аз хеш намегузорем, аз эътои Фадак имтиноъ варзид ва он гоҳ ҳазрати Заҳро аз ӯ нороҳат шуд. Дар ин ҳадис аз ҷумла омадааст:
فَوَجَدَتْ فَاطِمَةُ عَلَى أَبِي بَكْرٍ فِي ذَلِكَ، فَهَجَرَتْهُ فَلَمْ تُكَلِّمْهُ حَتَّى تُوُفِّيَتْ، وَعَاشَتْ بَعْدَ النَّبِيِّ ص سِتَّةَ أَشْهُرٍ، فَلَمَّا تُوُفِّيَتْ دَفَنَهَا زَوْجُهَا عَلِيٌّ لَيْلًا، وَلَمْ يُؤْذِنْ بِهَا أَبَا بَكْرٍ وَصَلَّى عَلَيْهَا، وَكَانَ لِعَلِيٍّ مِنَ النَّاسِ وَجْهٌ حَيَاةَ فَاطِمَةَ، فَلَمَّا تُوُفِّيَتِ اسْتَنْكَرَ عَلِيٌّ وُجُوهَ النَّاسِ.
“Он гоҳ Фотима (а) бо Абӯбакр қаҳр кард ва сухане бо ӯ нагуфт, то аз дунё рафт. Фотима (а) баъд аз ҳазрати Паёмбар (с), 6 моҳ зиндагӣ кард. Ҳангоме, ки Фотима (а) вафот кард, ҳамсараш Алӣ ӯро дар шаб дафн кард ва Абӯбакрро хабар накард ва бар ӯ намоз хонд. Ва то замоне, ки Фотима (а) зинда буд, Алӣ дорои обрӯе дар назди мардум буд, аммо ҳангоме, ки Фотима (а) вафот кард, мардум аз ӯ рӯй баргардонданд…”
Дар идома ровӣ мегӯяд: Алӣ ба дунболи мусолиҳа ва байъат бо Абӯбакр шуд ва он 6 моҳ байъат накарда буд. Сипас назди Абӯбакр омад ва бо Абӯбакр байъат кард ва суханоне байни он ду радду бадал шуд.
(Саҳеҳи Бухорӣ, 5/139, Ашшомила)
https://shamela.ws/book/1681/6258
Ёддошти худро бо шеъре аз Саъдӣ дар васфи ҳазрати Заҳро (а) ва авлоди гаронқадраш поён мебахшам, мегӯяд:
Ё Раб, ба насли тоҳири авлоди Фотима
Ё Раб ба хуни поки шаҳидони Карбало
Ё Раб, ба сидқи синаи пирони ростгӯй
Ё Раб, ба оби дидаи мардони ошно
Худоё! Дар рӯзи ҷазо аз шафоати он бонуи поку атҳар баҳрамандамон соз!
Таҳияи Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
qalamonline.net













