Чаро Эрон тан ба сулҳ ва оташбас надод?

Таърих

Чаро Эрон тан ба сулҳ ва оташбас надод?

Ёддошти профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон

Басе тиру даймоҳу урдибиҳишт…

( Ё вопасин нафасҳои истеъмор…)

Яке аз суолҳое ки имрӯз дар зеҳнҳо матраҳ мешавад, ин аст, ки чаро Эрон тан ба “сулҳ” надоду кӯтоҳ наомад, то ин қиёмате ки аз дару девори Ховари Миёна хун равон шуда, пешгирӣ шавад. Ҳатто дар дохили Эрон ва хориҷ аз он ҳам чунин садоҳо шунида мешавад. Аммо шавоҳид дол бар он аст, ки дар воқеъ Эрон роҳе ҷуз ҷанг надошт. Чаро?

Далели аслии ин кор нуфузи истеъмори ғарб аст, ки инак ду қарн мешавад, ки даст аз сари Эрон барнамедорад. Дар қарни XIX пири истеъмор – Ингилис вориди минтақа шуд ва шуруъ кард ба дахолат дар умури ин кишварҳо. Муттаассифона, чун Усмониву Осиёи Миёнаву Ҳинд ҳукуматҳои ин минтақа ҳама фосиду беурза буданд ва муште ситамгару дар фасод ғарқ бар ҷону номуси мардум мусаллат гашта буданд. На ҳокимони усмонӣ солеҳ буданд, на амиру хонҳои Хуқанду Бухоро ва на охирин намояндагони ҳукумати бобурии Ҳинд. Аммо аврупоиҳо дар нияти худ барои тасхиру бардасозии ин мулкҳо ҳама мусаммам буданду қотеъ. Онҳо нахуст (1862) Ҳиротро аз Эрон ҷудо карда, ба ихтиёри ҳокими Кобул Дустмуҳаммад доданд, чун ӯ аҳли муомила буду сар аз итоати инглисиҳо напечид. Ҷунбиши танбоку дар Эрон нахустин иқдоми ҷиддии мардуми Эрон алайҳи нуфузи истеъмори хориҷӣ (Ингилис) буд, ки дар миёнаи асри 19 рух дод.

Иқдоми дигари иглисиҳо дар якҷоягӣ бо Русия дар остонаи ҷанги аввали ҷаҳонӣ (1907) тақсим кардани Эрон ба се бахш ва сипас ба ишғоли низомии Эрон мунҷар гардид. Ҳарчанд Эрони расмӣ мегуфт, ки намехоҳад ба ин ҷанг ворид шавад. Дар ҷанги ҷаҳонии дувум низ Эрон дубора ба ишғоли Инглису Шӯравӣ даромад. Яъне, мантиқи истеъмор як аст: ту наметавонӣ бетараф бошӣ, нахоҳӣ ҳам ворид мешавӣ!

Пас аз поёни ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Эрон марҳилаи дигари истеъморситезӣ авҷ гирифт, ки нуқтаи авҷи он миллӣ шудани санъати нефти Эрон дар соли 1951 буд. Раҳбари қиёми одилонаи эрониёнро нахуствазир Муҳаммади Мусаддиқ раҳбарӣ мекард. Гуфта мешавад, ки Черчил ки ҳамин сол нахуствазири Инглис интихоб гашта буд, ба қиёми Мусаддиқ ишора карда гуфта буд, ки “Мо дар ҷанги ҷаҳонии дувум империяи ориёии Ҳитлерро шикастем, вале аз як ориёии кал (яъне Мусаддиқ) шикаст хӯрдем”.

Иглис ва ҳампаймони ҳамешагии он – ИМА бо роҳҳои таҳриму тарсондану дигар абзор хостанд, ки ин ҳаракатро бенатиҷа гузоранд. Аммо ин миллишавии нефт барои ҳамеша буд. Саранҷом бо дахолати амрикоиҳо ҳукумати Мусаддиқ соли 1953 дар натиҷаи як табаддулот сарнагун шуда, дахолати Инлгис ва ИМА қисман нигоҳ дошта шуд.

Марҳилаи савуми мубориза бо истеъмори ғарбӣ ва нуфузи сиёсату фарҳанги бегона солҳои 70-уми асри гузашта авҷ гирифта, ба суқути ҳукумати Муҳаммадризо Паҳлавӣ, ки ҷонибдори Ғарб буд, анҷом ёфт. Дар давоми беш аз чил соле ки ҳукумати зиддиғарбӣ дар Эрон ҳукумат мекунад, дунёи ғарб бо роҳбарии ИМА анвои таҳримҳоро нисбат ба Эрон ҷорӣ кард. Ҷанги таҳмилии Эрону Ироқ (1980-1988) низ аз ҷумлаи ин фишорҳо буд. Раҳбари Либиё Муаамар Қаззофӣ чанд сол қабл аз суқут дар суханронияш (навори суҳбат дар шабакаи интернет мавҷуд аст) гуфт, ки “Шумо амрикоиҳо Саддомро алайҳи Хумайнӣ таҳрик кардед, аслиҳа додед, вале вақте ки ӯ дигар ба дардатон нахӯрд суқуташ додед”.

Акнун Эрон бо ҷанги 12-рӯза ва ҷанги озодихоҳонаву одилонае, ки акнун мебарад, дар марҳилаи ниҳоии мубориза алайҳи истеъмор қарор дорад.

Тамоми кишварҳое, ки дар ҳамлаҳои Амрикову Исроил замину сарвати худро дар ихтиёри тавоҷузгарон мегузоранд, худ кишварҳое ҳастанд, ки онҳоро рӯзе ҳамин истеъмор таъсис кардаву зери нуфузи худ нигоҳ медорад. Саудӣ, Қатар, Кувайт, Урдун, Иморот ҳама давлатҳое ҳастанд, ки аз батни собиқ империяи Усмонӣ берун омада, Баҳрайн низ соли 1971 бо фишори Инглис ва аз беурзагии шоҳи Эрон аз Эрон ҷудо гашт. Озарбойҷон ҳам, ки дерест сӯйи Исроилу ИМА думҷумбонӣ дорад, 225 сол қабл, аз баданаи Эрон ҷудо шуда, имрӯз пушт ба валинеъмати хеш Русия кардааст ва мехоҳад бо бониёни имрӯзаи истеъмор хушхидматӣ кунад, то шояд устухоне барояш тадорук бинанд. Аммо ӯ бехабар аз нархи пиёз аст ва чанд сабоҳе баъд аз дасти ҳамин “ҳампаймонон” чунон силие хӯрад, ки дер аз ёдаш наравад. Дар ҳар сурат ба зудӣ решаи истеъмор аз Шарқ барчида мешавад ва мо он рӯзи сурурангезу муборакро хоҳем дид. Оқибат Шарқ мешавад бедор!

Ҳеч дарду мусибате ҳам охир бе ҳикмат нест ва яке аз дарсҳои зарурии ҷанги Эрон барои мо тоҷикон ҳушёриву бедории мост, ки дӯстро аз душман фарқ кунем. Дар моҷарои ҷанги Эрон бештари тоҷикон якдилу якмароманд ва ҳаводору ҳавохоҳи Эронанд, зеро эронӣ ҳамхуну ҳамрешаи мост. (Ба ҷуз чанд муздури ҳувиятбохта ва муште муллои арабпарвардаву тазвиршуда). Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон барои ҷомеаи Эрон мушти муҳкаме ба даҳони бадхоҳону бадандешони мо буд. Давлат ва миллат дар ин ҷабҳа ҳамсадоянд!

Дар давоми сию панҷ соли истиқлоли кишвар ҳаракати истеъморзудоӣ дар бахшҳое аз ҷомеа ва рӯзгори мо пешрафтҳои қобилии мулоҳиза доштааст. Мо танҳо дар ду замина камкорӣ доштаем, ки ҳар ду ҳам ба хотири мулоҳизаҳои сиёсӣ будааст. Яке, баргардондани номи аслии забон (порсӣ) дар Конститутсия ва дигар эҳёи дабираи ҳазорсолаву пайвастан ба ҷаҳони форсизабонон аст! (Ҷаҳони туркӣ то соли 2035 алифбои ягона хоҳанд дошт). Аз иваз кардани номҳои истеъморӣ (Ленину Каленину Фрунзе) то ҳазфи пасвандҳои славянӣ кори азиму мондагоре буд, ки дар таърих бо ҳуруфи заррин сабт мегардад. Аммо намедонам чаро мо дар баргаштан ба номҳои зебои моҳҳои тақвими хуршедии ниёгонамон тааллул меварзем. Охир тақвими кунунии расмӣ дар сарзамини мо на реша дораду на аслу на мантиқ. Ҳатто русҳо низ дар авҷи сиёсатҳои ғарбпарастонаи Пётр ва Ленин ба тақвими юлианӣ (аз соли 1700) ва григорианӣ (аз соли 1918) гузашта, онро аз аврупоиҳо қабул кардаанд ва агар ҳамин муносибати ғарбиҳо бо Русия бошад, дур нест он рӯз ки дубора ба тақвими славянии худ баргарданд.

Аммо мо тоҷикон! Фарвардину Урдибиҳишту Меҳр ва Озару Хурдоду Шаҳриварро чӣ шуда, ки мо ба фарзандонамон номи ҷинояткороне чун Юли Сезар (моҳи ИЮЛ) ва Октивиан Август (моҳи АВГУСТ)-ро меомӯзонем. Юлий Сезарро муаррихони румӣ аз ҷумлаи ҳамҷинсгароёни маъруф медонанд. Активиан Август, душмани шоҳаншоҳии Ашкониён ва аз муқобилони эроният дониста мешавад. Дар замони ӯ сиёсатҳое зидди давлату мардуми мо эъмол шуда, ки дар ин навишта маҷоли баёнаш нест. Гоҳшумории Ҷалолӣ ё Тақвими маликшоҳӣ дақиқтарин тақвими ҷаҳон аст, ки чанд тоҷик бо сарварии Умари Хайём онро тарроҳӣ кардаанд. Пазируфтани он як гоми дигар аст дар роҳи истиқлоли бештари сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини мо. Албатта, гоҳшумории суғдӣ ва хоразмӣ низ аз мост, вале онҳо танҳо дар бахшҳое аз сарзаминҳои Эронвейч (Хоразму Суғд) роиҷ буда, ба андозаи гоҳшумории яздигурдӣ маъруф нестанд.

Ҳаводиси ҷанги Эрон нишон дод, ки қабл аз омодагӣ ба ҷанг бо душман (аз замони ҷангҳои Юнону Порс ғарбиҳо бо таъриху тамаддуни мо душмананд), бояд ҷомеаро аз нигоҳи равонӣ ва маънавӣ омода кунем. Ҳоло ки фурсат дар даст дорему кишвар дар бистари истиқлол ба сар мебарад, чаро бояд таъхир варзем. Дар кори хайр ҳоҷати ҳеч истихора нест!

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии профессор Сайфуллоҳ Муллоҷон

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Пизишкиён: Сукут дар баробари ҷинояткорон, товонҳои бузурге дорад
Раиси ҷумҳури Фаронса: Бояд ба ҳаққи мардуми Эрон эҳтиром гузошт

Матолиби пурбоздид