Оё таърихро пирӯзҳо менависанд?
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ
Ин ҷумла бисёр маъруф аст – ва аз баъзе андешмандон нақл шуда – ки таърихро пирӯзҳо ва ғолибҳо менависанд. Маънои ин ҳарф он аст, ки он чи мо дар лобалои китобҳои таърихӣ мехонем, инҳо лузуман воқеиятҳои таърихӣ нест, инҳоро ғолибҳо ва пирӯзҳо навиштаанд ва моҷароро ба наҳве рӯйи коғаз овардаанд, ки ба нафъи онҳо бошад ва аз ин рӯ наметавон ба таърих, яъне китобҳои таърихӣ эътимод кард.
Бисёр инсонҳо ҳастанд, ки ба ин сухан бовар доранд, яъне мӯътақиданд, таърих ончунон ки будааст ба мо нарасида.
Ҳоло ин ҳарф аз ҳар касе нақл шуда бошад, аммо оё дуруст аст?
Ин ҳарф дуруст нест. Чаро?
Ҳоло далелашро арз мекунам:
1) Аввалан, таърих (хусусан таърихи ҷаҳони ислом) аз сӯйи як ё ду нафар нақл нашуда, яъне таърихнигор фақат яке ду нафар набуда, ки эҳтимол бидиҳем тараф дарборӣ буда ва воқеаҳоро ба нафъи пирӯз рӯйи коғаз овардааст. Балки таърихнигорон, гуногун ва аз ақшори мухталифи ҷомеа будаанд;
2) Пажӯҳишгари таърихӣ (фарде мисли Табарӣ ё Ибни Асир ва амсоли онҳо то ба имрӯз дар ҷаҳони ислом ва ё Вил Дуронт ба унвони мисол дар ҷаҳони Ғарб) инҳо вақте воқеаҳои таърихиро нақл мекунанд, ёдовар мешаванд, ки ин воқеа аз сӯйи муаррихон оё яксон нақл шуда ва ё мутафовит? Агар яксон нақл шуда бошад, ҳамонро ба унвони воқеаи таърихии мӯътамад меоваранд, на он чиро ба сурати мухталиф нақл шудааст.
3) Ва аз ҳама муҳим, дар мо, мусалмонҳо – ки ин аз имтиёзҳои ҷаҳони ислом аст ва дар ҳеч як таърихҳои миллатҳои дигар дида намешавад, яъне ин фақат дар мост – муаррих ғолибан бо санад воқеаи таърихиро нақл кардааст. Санад яъне ноқил, гӯянда. Ин равиш, хосси мусалмонон аст, хусусан дар муҳаддисон ва ҳадиспажӯҳҳо, ки як васвоси болое дар ин замина доранд. Агар санад муттасил набошад, (яъне гӯяндаҳо аз якдигар нақл накарда бошанд) ва ҳамчунин санад сиқа набошад (мавриди эътимод набошад, масалан дурӯғгӯ буда бошад) ва чанд шарти дигар, агар ин шурут дар як воқеаи таърихӣ дида нашавад, он воқеа дигар мавриди эътимод нест.
Ва яке аз шурут ин аст, ки оё санад дарборӣ буда ё на. Ин хеле муҳим аст. Маъмулан дар китобҳои риҷолӣ (шарҳи ҳоли гӯяндаҳои ҳадис ва воқеаи таърихӣ) омада, ки оё тараф дар хидмати дарбор буда ё на, ки агар бошад, ғолибан ҳарфҳояш мавриди қабул нест.
Бино бар ин аст, ки “Зафарнома”-ҳо, “Бобурнома”-ҳо ва аз ин қабил “…номаҳо”, дар фаҳми як воқеаи таърихӣ ҳаргиз мавриди руҷӯъ ва эътимоди таърихнигорон набудааст.
Хулоса, ин ҳарф, ки таърих ҳамеша аз сӯйи ғолибҳо ва пирӯзҳо навишта мешавад ва мавриди эътимод нест, ин ҳарф – лоақал дар мо мусалмонҳо – дуруст нест.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн













