Дидори Ироқчӣ ва Путин
Ахбори байналмилал
Ба гузориши Фарорӯ
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар сафар ба Русия, бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дидор ва гуфтугӯ кард.
Ироқчӣ дар ин дидор гуфт: “Равобит байни Русия ва Эрон нишондиҳандаи як мушорикати роҳбурдӣ (стратегӣ) аст ва ҳамчунон тақвият хоҳад шуд.”
Ироқчӣ афзуд: “Мардуми Эрон бо шуҷоати худ тавонистанд дар баробари таҷовузи Омрико муқовимат кунанд ва қодир хоҳанд буд, ки онро пушти сар бигузаронад.”
Бар асоси ин гузориш, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфт: “Ҳафтаи гузашта паёмеро аз раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ дарёфт кардам. Русия умедвор аст, ки мардуми Эрон бар ин давраи душвор ғалаба кунанд ва сулҳ барқарор шавад.”
Вай афзуд: “Русия тамоми талоши худро хоҳад кард, то ҳар чи сареътар сулҳро ба Ховари Миёна бозгардонад. Ҳар коре, ки ба нафъи Эрон ва кишварҳои минтақа бошад, анҷом хоҳем дод.”
Қаламонлайн













