Панҷ дархости Қолибоф аз мардуми Эрон
Ахбори байналмилал
Панҷ дархости Қолибоф аз мардуми Эрон дар давраи ҷанг
Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Ҷ.И.Эрон дар паёме савтӣ аз ҷумла гуфт:
– Душман бо фишори иқтисодӣ, ба дунболи таслими Эрон аст. Эҳтимоли ҳамлаи низомӣ махсусан ҳамалоти теруристиро кам намедонем.
– Пирӯзии ниҳоӣ дар ҷанг, Эронро ба яке аз бозигарони муассир дар низоми байналмилал табдил мекунад.
– Ҷанг вориди давраи ҷадиде шуда ва масъулони иҷроӣ таваҷҷӯҳ доранд, ки нақшашон муассиртар аз қабл шуда ва бояд бо барномарезӣ ва мудирияти ҷиҳодӣ пойи кор бошем.
– Дар ҷаласоти ғайрирасонаӣ пайгири гарониҳо ҳастем. Масъулони иҷроӣ барои коҳиши фишори иқтисодӣ бар мардум масъулият доранд ва мардум низ бояд иқдомоте анҷом диҳанд.
– Давлат аз иқдомоти худ дар бораи гаронӣ ба мардум гузориш бидиҳад.
– Сарфаҷӯӣ муассиртарин мушаке аст, ки мардум метавонад ба қалби душман шиллик кунанд.
– Ниёзманди роҳандозии пуйиши “Эрони ҳамдил” бо мусовот ҳастем.
– Имрӯз нақши асосии басиҷ дар масоҷид ва маҳаллот, пайгирии мушкилоти мардум аст.
– Давлат мутмаин бошад коре, ки басиҷ метавонад дар маҳаллот анҷом диҳад, ҳеч дастгоҳе наметавонад.
– Ба идея ва тарҳҳои нухбагон барои ҳалли мушкилоти ҷанг ниёз дорем, мунтазири касе набошед, роҳи ҳалҳоро ба масъулон ироа кунед.
– Эрниёни хориҷ аз кишвар метавонанд яке аз бузургтарин аркони шикасти душман бошанд ва масъулонро маҷбур кунанд, то аз зарфиятҳояшон барои кӯмак ба Эрон истифода шавад.
– Аз так-таки мардуми наҷиби Эрон бо ҳар салиқаи сиёсӣ ва мазҳабӣ, ки пуштибони дифоъ аз Эрони азиз ҳастанд, қадрдонӣ мекунам.
(Фарорӯ)
Қаламонлайн













