Амрико дар наздикии савоҳили Эрон киштиҳои ҷангӣ бо силоҳи лазерӣ мустақар кардааст

Амрико дар наздикии савоҳили Эрон киштиҳои ҷангӣ бо силоҳи лазерӣ мустақар кардааст

Ахбори байналмилал

Амрико дар наздикии соҳилҳои Эрон киштиҳои ҷангии дорои силоҳи лазерӣ мустақар кардааст.

Нашрияи “The War Zone” гузориш дод, ки Амрико дар наздикии соҳилҳои Эрон киштиҳои ҷангии “USS Spruance” ва “USS John Finn”-ро мустақар кардааст.

Ин киштиҳои ҷангӣ дар Баҳри Араб ва дар минтақаи таҳти контроли артиши Амрико (CENTCOM) қарор доранд.

Ба навиштаи ин расона, ин киштиҳо бо системаи лазерии “ODIN” муҷаҳҳаз шудаанд, ки барои кӯр кардан ва аз кор андохтани паҳподҳои ҳамлавар истифода мешавад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фарқи “бихон”-и ислом бо “бихон”-и дигарон
Рушду пешрафт дар зиндагӣ

Матолиби пурбоздид