Коҳиши низомиёни амрикоӣ дар Аврупо

Коҳиши низомиёни амрикоӣ дар Аврупо

Ахбори байналмилал

Амрико шумори нерӯҳояшро дар Аврупо коҳиш дод

Вазорати дифои Амрико эълон кард, ки шумори нерӯҳои низомии ин кишвар дар Аврупо коҳиш дода шудааст.

Пентагон гуфт, теъдоди гурӯҳҳои размии Амрико дар Аврупо аз чор ба се коҳиш меёбад ва ин иқдом шумори нерӯҳои амрикоиро ба сатҳи соли 2021 бармегардонад.

Шон Парнел, сухангӯи Пентагон, гуфт ин тасмим, пас аз баррасии ҳамаҷонибаи ҳузури низомии Амрико дар Аврупо гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом боиси таъхири муваққатӣ дар истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар Лаҳистон мешавад.

Пентагон ҳамчунин таъкид кард, ки қарорҳои ниҳоӣ дар бораи истиқрори нерӯҳо ба ниёзҳои стратегии Амрико ва сатҳи саҳми кишварҳои аврупоӣ дар дифои қора вобаста хоҳад буд. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд кишварҳои аврупоӣ бояд масъулияти бештаре барои дифои худ бар дӯш бигиранд.

Ин коҳиши нерӯ дар ҳоле анҷом мешавад, ки ихтилофҳо миёни Вашингтон ва баъзе муттаҳидони аврупоии он дар бораи масъалаҳои амниятӣ ва ҷанг бо Эрон афзоиш ёфтааст.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳурмати такаббур
Оинаи тамсили Мавлоно

Матолиби пурбоздид