Ироқчӣ: Омрико Исроилро маҳор накунад, Эрон дарси лозимро хоҳад дод
Ахбори байналмилал
Сайидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Ҷ.И.Эрон, дар вокуниш ба изҳороти вазири дифоъи Исроил, ки Эронро таҳдид кардааст, дар шабакаи Х навишт:
“Муфоди Тафоҳумномаи Исломобод комилан равшан аст ва ҳама метавонанд онро мулоҳиза кунанд.
Тромп, Иёлоти Муттаҳидаро мутааҳҳид карда, ки ин ҷонвари дастомӯзи худ дар Телавивро маҳор кунад.
Агар онҳо аз фармони арбоби худ сарпечӣ кунанд, Эрон ба онҳо дарси лозимро хоҳад дод.
Ҳар гуна таҳдид алайҳи мардум ва раҳбарии мо, бо посухе фаврӣ ва қудратманд мувоҷеҳ хоҳад шуд”.
Қаламонлайн













