Талоши нокоми Арабистон барои мамониат аз фуруди ҳавопаймои эронӣ дар Санъо

Талоши нокоми Арабистон барои мамониат аз фуруди ҳавопаймои эронӣ дар Санъо

Ахбори байналмилал

 Яҳё Сареъ: “Парвоз миёни фурудгоҳҳои Санъо ва Теҳрон, барои шикастани муҳосира идома хоҳад ёфт”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, ки субҳи имрӯз ҷангандаҳои саудӣ талош карданд, монеи фуруди ҳавопаймои ғайринизомии эронӣ дар фурудгоҳи Санъо шаванд, аммо муваффақ нашуданд.

Ба гузориши Алмасира, сартип Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман эълом кард, як даста аз ҷангандаҳои саудӣ соати 5:20 бомдоди имрӯз (ба вақти маҳаллӣ) бо нақзи ҳарими ҳавоии Яман, талош карданд монеъи фуруди як ҳавопаймои ғайринизомии эронӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Санъо шаванд.

Вай афзуд, ҳавопаймои ғайринизомии эронӣ беш аз 200 шаҳрванд, шомили маҷрӯҳон ва беморонро ҷо ба ҷо мекард.

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман таъкид кард, талоши Арабистон барои ҷилавгирӣ аз фуруди ин ҳавопаймои ғайринизомӣ бо муқобилаи нерӯҳои мусаллаҳи Яман ноком монд ва ин ҳавопаймо муваффақ ба фуруд шуд.

Сареъ афзуд, нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо шиллики чанд фарванд мушаки падофанди ҳавоӣ, ҷангандаҳои саудиро ҳадаф қарор дода ва онҳоро водор ба тарки ҳарими ҳавоии Яман карданд.

Яҳё Сареъ афзуд: “Ба душмани саудӣ ҳушдор медиҳем, ки такрори ҳар гуна талош барои нақзи ҳарими ҳавоӣ ё ҳар гуна таҷовуз алайҳи кишварамон, бо посухе ҳамаҷониба аз тариқи ҳадаф қарор додани фурудгоҳҳо ва манофеъи ҳаётии он дар хушкӣ ва дарё рӯ ба рӯ хоҳад шуд.”

Ӯ таъкид кард: “Ҳаргиз нахоҳем пазируфт, ки муҳосираи золимонаи саудӣ-омрикоӣ алайҳи кишварамон то абад идома ёбад ва барои поён додан ба он, ҳамаи иқдомоти машрӯъро дар пеш хоҳем гирифт.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар идома аз мардуми ин кишвар хост, то дар посух ба фарохони Сайидабдулмалик Бадруддин Ҳусӣ, ба басиҷи умумӣ ва ҳифзи омодагии размӣ идома диҳанд.

Яҳё Сареъ таъкид кард: “Бар омодагии комили нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо тамомии ягонҳо ва ташкилоти худ барои иҷрои ҳар тасмиме, ки аз сӯйи раҳбар иттихоз шавад, таъкид мекунем.”

Вай гуфт: “Дасти мо бар моша (калиди силоҳ) аст, то дар чорчӯби шикастани муҳосираи саудӣ-омрикоӣ алайҳи миллати азизамон ва берун рондани ишғолгарон, дастуроти содиршударо иҷро кунем. Бори дигар бар зарурати поён додан ба муҳосира ва қаймумияти эъмолшуда бар фурудгоҳи байналмилалии Санъо таъкид мекунем.”

Сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман бо таҷлил аз Эрон низ гуфт: “Аз мавзеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар пешгомӣ барои шикастани муҳосира, интиқоли беморон, афроди гирифтор ва низ ҳайати расмӣ ва мардумии ширкаткунанда дар маросими ташйеъи шаҳид Сайидалӣ Хоманаӣ, бо ниҳояти эҳтиром ва қадрдонӣ таҷлил мекунем.”

Гуфтанист, ки ҳавопаймои эронӣ субҳи имрӯз зимни интиқоли маҷрӯҳон ва беморони яманӣ ба ин кишвар, ки дар бемористонҳои Эрон бистарӣ буданд, ҳайати яманӣ, ки қасд дошт барои ҳузур дар маросими ташйеъи раҳбари шаҳид озими Теҳрон шавадро низ бо худ ба Эрон овард. Дар ин парвоз ҳамчунин даҳҳо маҷрӯҳ ва бемори яманӣ низ барои мудово вориди Эрон шуданд.

Сартип Яҳё Сареъ дар поён гуфт: “Ҳамчунин таъкид мекунем, ки парвозҳо миёни фурудгоҳҳои Санъо ва Теҳрон, ба хости Худо, барои шикастани муҳосира ва коҳиши ранҷи миллати мазлуми Яман, сарфи назар аз ҳар гуна паёмад ва табаъот, идома хоҳад ёфт”.

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

National Interest: Тавофуқ бо Эрон ноқис аст, аммо ҷойгузини он бадтар
Вуруди Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон

Матолиби пурбоздид