Зеленский зиддият бо Эронро дубора шурӯъ кард
Ахбори байналмилал
Владимир Зеленский дар дидор бо намояндагони режими Исроил, боз ҳам алайҳи Эрон ҳарф зад.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонаии риёсати ҷумҳурии Украина, Зеленский бо такрори иддаои кӯмаки паҳподии Эрон ба Русия, муддаӣ шуд, ки Украина ва Исроил ҳадафи як силоҳи мушобеҳ қарор гирифтаанд.
Гуфтанист, изҳороти ҷадиди Зеленский алайҳи Эрон дар ҳоле баён шуда, ки дасти Зеленский ба хуни мардуми Эрон оғишта аст. Дар юриши теруристии Украина ба киштии тиҷории эронӣ дар баҳри Каспий, Нимо Муродӣ, дарёнавард ва варзишкори ҷавони аҳли Бандари Анзалӣ шаҳид ва чанд нафари дигар захмӣ шуда буданд.
Тибқи гузориши пойгоҳи иттилоърасонаии риёсати ҷумҳурии Украина, намояндагони режими Исроил ва Зеленский дар бораи “таҳдидҳои муштараки паҳподӣ ва ҳамкориҳои амниятӣ” гуфтугӯ карданд.
Қаламонлайн













