Дастуроти ҷадиди раҳбари Эрон ба фармондеҳони неруҳои низомӣ
Дастуроти ҷадиди раҳбари Эрон ба фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар: “Ҳар сатҳ аз таҳдид бояд бо посухи фаврӣ ва асаргузор ва бидуни маҳдудияти ҷуғрофиёӣ рӯбарӯ шавад”
“Анвои дороиҳои моддӣ ва ғайримоддии душмани омрикоӣ-саҳюнӣ дар тирраси нерӯҳои мусаллаҳ қарор гирад”
Ба гузориши хабаргузории Форс
Фармондеҳони аршади нерӯҳои мусаллаҳи Ҷ.И.Эрон бо Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво ва раҳбари ин кишвар дидор карданд.
Бар асоси ин гузориш, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор, “омодагии размии ҳушмандона барои муқобилаи пурқудрат бо душманон”-ро аз илзомоти “боздорандагии ҳадди аксарӣ” донистанд ва муқарар карданд, ҳар сатҳе аз таҳдид бояд бо посухи фаврӣ ва асаргузор ва бидуни маҳдудияти ҷуғрофиёӣ рӯбарӯ шавад.
Оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Хоманаӣ тасреҳ карданд: “Агар душманон муҷаддадан ҳамалоти низомӣ ё теруристиро шурӯъ кунанд, ин нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати Эрон ҳастанд, ки замон ва шароити поёни онро таъйин мекунанд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ муқарар фармуд, бонки аҳдоф ба наҳве барӯзрасонӣ шавад, ки анвои дороиҳои моддӣ ва ғайримоддии душмани омрикоӣ-саҳюнӣ дар тирраси нерӯҳои мусаллаҳ қарор гирад.
Раҳбари инқилоби исломӣ, бо қадрдонӣ аз устувории ҳушмандонаи Меҳвари Муқовимат дар кишварҳои мухталиф, ваҳдати соҳотро мутағаййире таъйинкунанда бо таъсири роҳбурдӣ дар шаклдиҳӣ ба назми ҷадиди сиёсӣ ва амниятӣ дар ғарби Осиё донистанд ва ибрози умедворӣ карданд, ин назми ҷадид заминаи рӯзафзуни иттиҳоди миллатҳо ва давлатҳои исломиро барои шаклгирии тамаддуни навини исломӣ фароҳам кунад.
Бар асоси ин гузориш, сарлашкар Абдуллоҳӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ, сарлашкар Ҳотамӣ, фармондеҳи кулли артиш ва сарлашкар Ваҳидӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ, дар дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво, зимни ироаи гузоришҳое аз вазъияти омодагии мудофеони кишвар дар савоҳили халиҷи Форс, манотиқи амалиётии тангаи Ҳурмуз, дарёи Уммон ва марзҳои шимоли ғарб ва ҷануби шарқи кишвар, гузорише низ аз тавлиди чандбаробарии анвои муҳиммот ва силоҳҳои шиносоӣ, пуштибонӣ ва размӣ ба истеҳзори эшон расонданд.
Фармондеҳи кулли қуво, зимни изҳори хурсандӣ аз фаъолиятҳои анҷомшуда, аз фармондеҳони аршади низомӣ хостанд, маротиби ташаккур ва ризояти эшонро ба иттилои куллияи нерӯҳои низомӣ, интизомӣ, басиҷӣ ва коркунони ин созмонҳо ва Вазорати дифоъ ва хонаводаҳои муаззазашон бирасонанд.
Farsnews
Қаламонлайн













