Ироқчӣ: Дигар хатти қирмизе вуҷуд нахоҳад дошт
Ахбори байналмилал
Ироқчӣ дар вокуниш ба изҳороти ахири садри аъзами Олмон: “Дигар хатти қирмизе вуҷуд нахоҳад дошт”
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти ахири садри аъзами Олмон навишт:
“Ҳангоме, ки соли гузашта ҳамалоти ҳавоии Омрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуд, оқои Мертс аз ин ҳамалот истиқбол кард. Ӯ гуфт: “Онҳо доранд кори касифи Урупоро анҷом медиҳанд.” 100 миллиард юру дар муқоиса бо зарбаи саҳмгин ва вайронгар, ки нерӯҳои мусаллаҳи қудратманди Эрон ба касоне, ки ҷуръати таъарруз ба миллати моро дошта бошанд ворид хоҳанд кард, ҳеч аст. Дигар хатти қирмизе вуҷуд нахоҳад дошт.”
Гуфтанист, Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, бо эътироф ба паёмадҳои сангини иқтисодии ношӣ аз ҷанги таҳмилии омрикоӣ-исроилӣ алайҳи Эрон, эълом кард, ки афзоиши қимати энержӣ дар ҳашт моҳи гузашта, беш аз 100 миллиард юру (евро) ҳазина ба ширкатҳо ва масрафкунандагони урупоӣ таҳмил кардааст.
Қаламонлайн













