Шорл де Монтескё

Таърих

Шорл де Монтескё

Монтескё; назарияпардози тафкики қувваҳо

Шорл де Монтескё (Charles de Montesquieu), андешаманд ва назарияпардози фаронсавии қарни 18-уми милодист, ки назарияи тафкики қувваҳои вай, таъсири чашмгир дар қонуни асосии бисёре аз кишварҳо бар ҷой гузошт ва мероси мондагореро дар андеша ва амали сиёсӣ поя ниҳод.

Монтескё дар соли 1689 милодӣ дар шаҳри Бордои Фаронса мутаваллид шуд. Бисёре аз хонадони ӯ ҳуқуқдон ва дар зумраи ашроф буданд. Вай низ ҳуқуқ хонд ва вакили додгустарӣ шуд. Дар соли 1713 пас аз марги падар, ба унвони ройзани ҳуқуқии Маҷлиси машваратии подшоҳӣ баргузида шуд.

Монтескё дар 40-солагӣ аз шуғли расмии худ истеъфо дод ва дар масири таҳқиқ ва пажӯҳиш гом ниҳод. Вай барои он ки бар таҷрибаҳои хеш биафзояд ва таҳқиқҳои худро ғанитар созад, ба ҷаҳонгардӣ ва сафар рӯй овард.

Ӯ дорои манише воло ва матин буд ва табиати мулоим ва мӯътадил дошт. Аз ин рӯ, ба дигаргунии ногаҳонии масоил бовар надошт. Бинобар ин, мудороро аз шароити аслии ислоҳи масоил медонист. Вай ҳамчунин аз қудрати суханварӣ ва балоғат баҳраманд ва дорои баёне шево, дилчасп ва жарф буд.

Аз осор ва китобҳои маъруфи вай метавон ба “Руҳи қавонин”, “Номаҳои эронӣ” ва “Таҳқиқ дар иллатҳои тараққӣ ва таназзули Румиён” ишора кард. Муҳимтарин асари Монтескё “Руҳи қавонин” аст, ки дар он ба ҳикмати амалӣ ва сиёсати мудун мепардозад. Вай бо ин китоб дар қомати файласуфон баромадааст. Ин китоб дар мавриди фалсафаи вазъи қавонин ва низ шароити қонунгузорӣ аст.

Китоби “Номаҳои эронӣ”-и Монтескё муштамил бар номаҳое фарзӣ аз забони чанд эронӣ аст, ки ба Фаронса сафар кардаанд. Дар ин номаҳо, эрониён авзоъ ва аҳволи урупоиёнро, ба вижа дар Фаронса, нақд мекунанд. ‏Вай ин номаҳоро бо ҳадафи гӯшзад кардани нуқоти қувват ва заъфи Урупо ва Фаронса ва ислоҳи онҳо нигоштааст.

Китоби “Таҳқиқ дар иллатҳои тараққӣ ва таназзули Румиён” низ як асари торихӣ аст, ки Монтескё дар он барои нахустин бор ба торих аз даричаи фалсафӣ нигариста ва робитаи иллат ва маълулиро дар масоили торихӣ табйин ва таҳлил кардааст. Ба бовари вай, ҳар масъалае, ки дар торих рух медиҳад, иллате дорад. Монтескё дар соли 1755 дори фониро видоъ гуфт. (1)

Монтескё ва гунашиносии низомҳои сиёсӣ

Бар пояи дидгоҳи Монтескё, на танҳо қавонини асосии кишварҳо баста ба обу ҳаво ва одоб ва русум, бо ҳам фарқ мекунад, балки навъи низом ва ниҳодҳои сиёсӣ низ дар ҷавомеъи мухталиф ба ҳамон нисбат мутафовит аст. Ӯ бар ин бовар буд, ки дар ҳар сарзамин беҳтарин низоми сиёсӣ он аст, ки ба беҳтарин сурат бо хостаҳои мардумӣ ҳамоҳанг ва мутаносиб бошад.

Вай дар китоби “Руҳи қавонин” ба таърифи се навъ ҳукумат: ҷумҳурӣ, салтанатӣ ва истибдодӣ мепардозад. Монтескё дар ҳамин замина менависад: “Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳукумате аст, ки тамоми миллат ё қисмате аз миллат зимоми умурро дар даст дорад. Ҳукумати подшоҳӣ ҳукумате аст, ки дар он як нафар зери султаи қавонини собит ва муайян ҳукумат кунад. Ҳукумати истибдодӣ низ ҳукумате аст, ки як нафар ба танҳоӣ ҳукумат мекунад ва бидуни қонун ва қоъида, ҳар чизеро мутобиқи ирода ва ҳаваси худ анҷом медиҳад.” (2)

Монтескё бо тақсимбандии анвоъи ҳукуматҳо, табақабандии суннатии Арасту мабнӣ бар се навъ ҳукумат: подшоҳӣ, ористукросӣ ва демукросиро канор гузошт. Пояи тақсимбандии суннатии Арасту, теъдоди афроде буданд, ки қудрати ҳокимаро дар даст доштанд. (3)

Тафкики қувваҳо

Асли тафкики қувваҳо ба шеваи кунунӣ дастоварди назарияҳои Монтескё аст. Ӯ дар китоби “Руҳи қавонин” назарияи ҷудоии се қувва: муқаннина (қонунгузор), муҷрия ва қазоияро ба гунае табйин кард, ки ин назарияҳо таъсири инкорнопазире бар машйи фикрӣ, қонуни асосӣ ва шакл додан ба режимҳои сиёсии ғарбӣ бар ҷой гузошт.

Манзури Монтескё аз тарҳи назарияи тафкики қувваҳо, ироаи роҳи ҳаллҳое ба манзури суистифода накардан аз қудрат, чигунагии маҳдудияти қудрат ва ироаи беҳтарин равишҳост. Дар ниҳоят низ ҳадафаш эҷоди сохтори муносиб ва наҳваи ҳамоҳангии онҳо ба манзури дастёбӣ ба озодӣ аст. (4)

Назарияи тафкики қувваҳо ба шеваи Монтескё, таъсири фаровоне дар нахустин қонунҳои асосӣ дар қарни 18 милодӣ бар ҷой гузошт. Қонунгузорони омрикоӣ барои тадвини қонуни асосӣ, аз назарияи ӯ дар бораи тафкики қувваҳо, режими риёсатиро дар кишвари худ пайрезӣ карданд. Режими риёсатӣ ба унвони маҳсули тафкики комили қувваҳо акнун низ ба унвони мероси фикрии Монтескё дар ин кишвар ҳоким аст.

Ҳамчунин инқилобиёни фаронсавӣ низ бо бардоштҳои фалсафӣ аз дидгоҳҳои Монтескё дар заминаи ҳокимият ва сарчашмаҳои он натиҷа гирифтанд, ки ҳоким ҳангоми таъйини намояндагони худ бахше аз ҳокимиятро ба қувваи муқаннина, баҳраеро ба қувваи муҷрия ва саҳмеро ба қувваи қазоия вогузор мекунад ва бояд бо девораҳо ва мавонеъе, баданаи ҳар кадом аз қувваҳоро тавре аз ҳам ҷудо кунанд, ки имкони дахолати ҳеч кадом дар кори якдигар набошад.

Монтескё ба шиддат мутаассир аз асри равшангарӣ аст, чаро ки дар чунин фазо ва шароите бо баҳрагирӣ аз равишҳои таҷрибӣ ба мутолеаи татбиқии ҷавомеъ, қавонин ва ҳукуматҳо мепардозад.

Монтескё ҳар ҳодисаи торихиро натиҷаи ҳатмӣ ва қатъии иллатҳое медонад. Аз ин рӯ, бар ин бовар аст, ки инсон метавонад бо дахолат дар силсилаи иллатҳо, ба дигаргунии торих даст зада ва торихро ҳар гуна, ки худ меписандад, тарсим карда ва рақам бизанад.

* * *

(1) Мирзоӣ, Настаран, “Муруре бар зиндагӣ ва осори Монтескё”.

(2) Монтескё, Руҳи қавонин, тарҷумаи Алиакбари Муҳтадӣ.

(3) Торихи ақоид ва мактабҳои сиёсӣ аз аҳди бостон то имрӯз, тарҷумаи Ҳусайни Шаҳидзода.

(4) “Мабонии назарӣ ва торихии назарияи тафкики қуво”.

* * *

Irna

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Муҳаммадро бояд аз нав шинохт…
Замони  ёдгирӣ

Матолиби пурбоздид