Фёдор Достоевский
Касе, ки тавонист масоили печидаро содда баён бикунад
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Фалсафа, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра, улуме ҳастанд, ки барои фарогирии онҳо одам бояд солҳо дар донишгоҳ таҳсил бикунад ва пас аз ошноӣ бо истилоҳот ва вожаҳои ин улум, (ки ғолибан печида ҳам ҳастанд) ва низ огоҳӣ бо оро ва дидгоҳҳои донишмандони мутахассис дар ин риштаҳо, тоза қадам дар ин арсаҳо бигузорад. Аз ҳамин рӯст, ки ин улум ғолибан ҳамафаҳм ва фарогир нестанд. Яъне чунин нест, ки барои омма қобили фаҳму ҳазм бошанд, дар ҳоле ки аз ширинтарин улуми башарӣ ба шумор мераванд.
Аммо оё метавон ин улумро бидуни ба коргирии вожаҳо ва истилоҳот ва ба забони бисёр равон ва содда тадвин кард, ки барои ҳамагон қобили фаҳм бошад?
Бо ин ки назари бештари донишмандон ин аст, ки ин кор тақрибан шибҳимаҳол аст, вале Фёдор Достоевский, нависандаи барҷастаи рус, то ҳудуди зиёде аз ӯҳдаи ин кор баромада. Асосан, бисёреҳо бузургӣ ва барҷастагии Достоевскийро дар ҳамин медонанд, ки вай он чиро дониши равоншиносӣ ва ё фалсафа ва ҷомеашиносӣ дар қолиби баҳсҳои печидаи илмӣ ва бо истифода аз вожаҳо ва истилоҳоти илмӣ матраҳ кардааст, дар қолиби достон ва румон ироа карда.
Достоевский як файласуфи ба тамоми маънои калима аст, аммо бо фалосифае чун Афлотун ва Форобӣ ва Бӯалӣ Сино ва Ибни Рушд, кучактарин шабоҳате надорад. Чаро ки агар файласуфе мисли Бӯалӣ Синои худамон, дар баҳси “инсоншиносӣ” хостааст чистӣ ва кистии инсонро ва инки оё офардигор ва холиқе дорад ва ҳам инки ҳадаф аз офариниши ӯ кадом аст-ро бо бурҳон ва истидлоли ақлӣ (ки ғолибан сару кораш бо мафоҳими зеҳнӣ аст) баён бидорад, Достоевский аммо ҳамин муҳимро дар колиби румон ва достон баён карда ва посухи ин пурсишҳоро дар чеҳраи қаҳрамонони румонҳояш тарсим намуда ва аз забони онҳо (ки забони мардуми кӯча ва бозор аст) баён дошта.
Достоевский ҳамчунин як равоншиноси ба тамоми маъност, вале бо равоншиносе мисли Зигмунд Фрейд (Sigmund Freud) ва ё дигар равоншиносони маъруфи ҷаҳон ҳеч синхияте надорад. Ба унвони намуна, Достоевский дар румони “Ҷиноят ва мукофот” (Преступление и наказание), дар чеҳраи қаҳрамони ин румон (Расколников), тавониста ба хубӣ руҳияи як ҷинояткорро пеш ва пас аз ҷиноят тарсим намояд. Ба гунае ки манзури он чиро равонишносон дар мавриди руҳияи як ҷинояткор дар китобҳояшон бо забоне бисёр печида ва бо вожаҳои илмӣ баён карда ва мекунанд, шумо метавонед айни ҳамон вижагиҳо ва натоиҷе, ки метавон аз он ба даст овард-ро дар чеҳраи Расколников пайдо намоед.
Достоевский як ҷомеашинос аст, вале ҷомеашиносии ӯ дар румонҳо ва достонҳояш табалвур пайдо кардаанд. Ба унвони мисол, Олбер Кому (Albert Camus), файласуфи фаронсавӣ, дар бораи румони “Бародарон Коромозуф” (Братья Карамазовы)-и Достоевский мегӯяд, қаҳрамонони ин румон ҳар як дар воқеъ ҳикоятгари руҳи ҳоким дар миёни миллати рус аст, ки бо хондани ин румон, инсон метавонад ба содагӣ бо ҷомеаи русӣ ва руҳияи ин миллат ошно шавад. Дар ин румон, Достоевский хонаводаи русеро ба намоиш гузоштааст, ки муташаккил аз падаре бепарво ва се писар ба номҳои Иван, Алексей ва Дмитрий аст. Иван (бародари бузургтар) ба таъбири Олбер Кому, касе аст, ки хоҳони “исён” аст ва беш аз ҳар чиз бояд ӯро намояндаи сусиёлистҳо ва морксистҳо дар Русияи он даврон донист. Дмитрий (бародар васатӣ) руҳияе бисёр шӯх дорад, ӯ аслан аҳли фикр нест, ӯ фақат ишқ меварзад. Ба гуфтаи Кому, бояд Дмитрийро намояндаи оммаи мардум ва миллати рус донист. Алексей, писари кучак, касе аст, ки ҳамвора ба калисо паноҳ мебарад ва аз Худо мехоҳад хонаводаи онҳоро ҳифз кунад, ба қавли Кому, Алексей намоде аз ҷомеаи мазҳабии мардуми Русия аст.













