Шарҳи байте аз Сайидо

Адаб

Шарҳи байте аз Сайидо

Сайидои Насафӣ ғазале дорад, ки матлаи он ин аст:

Зулф бо холи лабаш талқини имон мекунад,

То мусалмони номусалмонро мусалмон мекунад.

Ашъори Сайидо бештар ирфонӣ ҳастанд. Мисраи дуввуми ин байтро дар Тоҷикистон, то ҷое, ки дидам, нодуруст таъбир мекунанд. Дурусташ ҳамин аст, ки арз шуд, яъне “То мусалмони номусалмонро мусалмон мекунад”.

Инак шарҳу тавзеҳи ин байт:

“Зулф” дар истилоҳи урафо, иборат аст аз таҷаллии ҷалоли илоҳӣ ба сифати қаҳр, монанди монеъ, қобиз, қаҳҳор, мумит, музил, зорр ва монанди он.

“Холи лаб” дар истилоҳи онҳо, муқтазои таҷаллии ҷамоли Ҳақ Таъолост, ки унсури таҷаллии раҳмату муҳаббат ва муҷиби ҷазбу кашиши ориф ба сӯи маҳбуб мебошад, ки дар муқобили таҷаллии ҷалоли илоҳӣ аст.

Бинобар ин, “зулф” ишора бо ҳолати қабз ва “холи лаб” ишора ба ҳолати баст дорад. Ба иборати дигар, “зулф” (ҷалолу ҷабарути илоҳӣ) бо “холи лаб” (ҷамолу раҳмати илоҳӣ) бо ҳам боиси талқини имон ва тақарруби мӯъмин мегардад. Агар фақат яке аз ин ду ҳолат бар ориф муставлӣ гардад, ё аз хафв ҳалок гардад ё ба хотири раҷо бепарво. Ба таъбири дигар, “зулф” (таҷаллии ҷалоли илоҳӣ) ва “холи лаб” (таҷаллии ҷамоли илоҳӣ) бо ҳам боиси ҳолати хавфу раҷо ва афзоиши имони ориф гардад.

Зулф бо холи лабаш талқини имон мекунад,

То мусалмони номусалмонро мусалмон мекунад.

“Мусалмони номусалмон”, яъне касе, ки имонаш аз рӯи одат ва тақлид аст.

Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

ДЕВАШТИЧ ВА САРНАВИШТИ Ў
Ҳамоиши нависандагони ҷавони Осиёи Миёна дар Тошканд

Матолиби пурбоздид