Андарзҳое аз ҳазрати Муҳаммад(с)
«Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар салоҳ биёбанд, уммат салоҳ меёбад ва агар фосид шаванд, уммати ман фосид мешавад: уламо ва ҳукком».
«Ҳарчӣ фарзанди Одам пиртар мешавад, ду сифат дар ӯ ҷавонтар мегардад: ҳирс ва орзу».
«Наметавон ҳамаро ба мол розӣ кард, аммо ба ҳусни хулқ метавон».
«Нодорӣ балост, аз он бадтар бемории тан ва аз бемории тан душвортар, бемории дил».
«Мӯъмин ҳамвора дар ҷустуҷӯи ҳикмат аст».
«Мусалмон касест, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар осойиш бошанд».
«Дар рафтор бо занон, аз Худо битарсед ва он чӣ дар бораи онон шояд, аз некӣ дареғ нанамоед».
«Парвардигори ҳама якест ва падари ҳама яке, ҳама фарзанди одамизод ва Одам аз хок аст. Гиромитарини шумо назди Худо, парҳезкортарини шумост».
«Аз лаҷоҷату якравӣ бипарҳезед, ки ангезаи он, нодонӣ ва ҳосили он, пушаймонист».
«Бадтарини мардум касест, ки гуноҳро набахшад ва аз лағзиш чашм напӯшад ва боз аз ӯ бадтар касест, ки мардум аз газанди ӯ дар амон ва ба некии ӯ умедвор набошанд».
Қаламонлайн