Риштаҳои нозук бар пои фил

Риштаҳои нозук бар пои фил

Масали иҷтимоӣ

Мегӯянд, ромкунадагон барои мутеъ кардани филҳо, аз равиши бисёр соддае истифода мекунанд. Ва он ин ки: замоне, ки фил ҳанӯз бачча аст, яке аз поҳои ӯро ба танаи дарахте мебанданд. Филбачча ҳар чи талош мекунад, наметавонад худро аз банд халос кунад ва андак-андак ин пиндор дар зеҳнаш шакл мегирад, ки танаи дарахт хеле қавитар аз ӯст.

Вақте фил бузургу нерӯманд шуд, кофист шумо нахеро ба пойи фил бибандед ва сари дигари он нахро ба шохае гиреҳ бизанед. Фил барои раҳо кардани худ талоше нахоҳад кард.

***

Ба гуфтаи файласуфе, пои бисёре аз моҳо низ ҳамчун филҳо, бо риштаҳои нозуке баста шудааст, аммо аз он ҷо, ки аз кӯдакӣ ба “қудрати танаи дарахт” бовар кардаем, ба худ ҷуръати талош кардан намедиҳем, ғофил аз ин ки барои озод шудан аз бандҳо, як амали сода шояд кофӣ бошад…

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оё Зеленский оташафрӯзи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хоҳад буд?
Оғози ҳамкориҳои ҳастаии Тоҷикистон ва Амрико

Матолиби пурбоздид