Истирдоди Сайид Шамс ба Тоҷикистон

Истирдоди Сайид Шамс ба Тоҷикистон

Хабарнома

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Бомдод, Сайид Шамс, хаттот, соҳибкор ва фаъоли шинохтаи тоҷик, ки солҳои зиёде дар Русия ба сар мебурд ва дар ин кишвар иқомати расмӣ дошт, аз ҳаққи иқомат дар Русия маҳрум гашта ва  ба Тоҷикистон ихроҷ шудааст.

Дар бораи сарнавишти баъдии ӯ  маълумоте дар даст нест ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон низ то имрӯз дар ин бора ягон хабаре нашр накардаанд.

Дӯстонаш аз замони таҳти таъқиби мақомоти амниятии Русия қарор гирифтани Сайид Шамс тарс доштанд, ки дар сурати ихроҷ ё истирдод ба Тоҷикистон ӯро метавонанд барои изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар онҷо ба ҳабс бигиранд. Сайид Шамс дар шабакаҳои иҷтимоӣ, асосан дар Фейсбук аз мақомоти кунунии Тоҷикистон ва ҳамин тавр, аз мақомоти Эрону Русия дар масоили мухталиф интиқодҳое дошта ва ба ислоҳоти ҷиддии сохтори давлат ва муборизаи беамон бо коррупсия дар Тоҷикистон таъкид мекард.

Яке аз дӯстони Сайид Шамс, рӯзи 5 декабри соли 2022 ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфтааст, бино ба иттилои онҳо, Сайид Шамсро аз Русия ихроҷ карда ва ба мақомоти Тоҷикистон таҳвил додаанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон дар феҳрасти бештарин теъдоди рӯзноманигорони зиндонӣ
Оддисозии равобит бо «Исроил»

Матолиби пурбоздид