Axios: Эрон омодаи ҳамла ба Исроил аст
Байналмилал
Исроил ба Омрико ҳушдор дода, ки Эрон барои як ҳамлаи пешдастона ба Исроил омода мешавад.
Пойгоҳи омрикоии Axios ба нақл аз 3 манбаи огоҳи исроилӣ ва омрикоӣ навишт: мақомоти исроилӣ дар охири ҳафта ба давлати Тромп ҳушдор доданд, ки ҷобаҷоии лончер (партобкунанда)-ҳои мушакӣ барои размоиши мушакии Сипоҳи Посдорони Эрон, метавонад як амалиёти фиреб барои ҳамлаи пешдастона ба Исроил бошад.
Бар асоси ин гузориш, як манбаи омрикоӣ ба Axios гуфт, ки иттилооти Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли ҳозир ҳеч нишонае аз қарибулвуқӯъ будани ҳамлаи Эрон надорад. Манобеъ гуфтанд, ки женерол Эял Замир, раиси Ситоди артиши Исроил, рӯзи шанбе бо дарёсолор Брэд Купер, раиси фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида тамос гирифт ва ба ӯ гуфт, ки Исроил нигарони размоиши мушакӣ аст, ки Сипоҳи Посдорон чанд рӯз пеш оғоз кардааст.
Манобеъ гуфтанд, ки Замир ба Купэр гуфтааст, ки таҳаррукоти мушакии ахири Эрон ва соири иқдомоти амалиётӣ низ метавонад пӯшише барои як ҳамлаи ғофилгирона бошад. Замир аз нерӯҳои омрикоӣ ва исроилӣ хост, то дар мавриди омодагиҳои дифоъӣ ҳамоҳанг бошанд.
Манобеъ гуфтанд, ки бузургтарин хатар, ҷанги байни Исроил ва Эрон аст, ки дар натиҷаи як муҳосибаи иштибоҳ рух медиҳад, зеро ҳар тараф фикр мекунад, ки тарафи дигар қасди ҳамла дорад ва саъй мекунад аз он ҷилавгирӣ кунад.
Ин рӯзномаи омрикоӣ навишт, Натонёҳу дар сафари худ ба Омрико мехоҳад Тромпро ба ҳамлаи дигаре ба Эрон дар соли 2026 муҷоб кунад.
Манобеи исроилӣ ба Axios гуфтанд, ки иттилооти исроилӣ нишонаҳои аввалияе аз таҷдиди тақвияти қобилиятҳои мушакии Эронро бо ангезае бештар аз он чи эрониён аз замони ҷанги 12-рӯза дар моҳи июн доштанд, мебинад.
Ба навиштаи Axios, мақомоти эронӣ мегӯянд, ҳадафи Исроил ҷанги равонӣ ва боқӣ нигаҳ доштани Эрон дар шароити на ҷанг ва на сулҳ ба манзури фарсоиши Эрон аст.
Мақомоти низомии Эрон ҳушдор додаанд, ин бор ба ҳар гуна иқдоми низомии Исроил алайҳи Эрон, ба шиддате ба маротиб бештар аз ҷанги 12 рӯза посух хоҳанд дод.
qalamonline.net
Қаламонлайн













