Axios: Илтимоси Натонёҳу ба Омрико барои тавофуқ бо Ҳамос

Axios: Илтимоси Натонёҳу ба Омрико барои тавофуқ бо Ҳамос
Ахбори байналмилал
Axios
Гузориши як расонаи омрикоӣ ҳокӣ аст, нахуствазири Исроил зимни эътироф ба ниёз ба тавофуқ бо Ҳамос, аз раиси ҷумҳури Омрико хоста барои муҳаққақ кардани ин тавофуқ, як бори дигар бо амири Қатар тамос бигирад.
Расонаи омрикоии Axios дар бахше аз гузориши худ бо меҳвари талошҳои давлати Омрико барои муҳаққақ кардани тавофуқи табодули асирон миёни гурӯҳи Ҳамос ва Исроил, ба талошҳои Бенёмин Натонёҳу барои муҷоб кардани омрикоиҳо ҷиҳати ҳусули ин тавофуқ ишора кардааст.
Ин пойгоҳи наздик ба манобеи омрикоӣ ва исроилӣ, дар гузориши худ тасреҳ карда, Натонёҳу бозуи як мақоми давлати Ҷо Бойденро, ки маъмури пайгирии парвандаи табодули асирон буда гирифта ва гуфта: “Мо ба ин тавофуқ ниёз дорем”.
Ин расонаи омрикоӣ дар ин гузориш муддаӣ шуда, фишорҳои мустамирри Ҷо Бойден, раиси ҷумҳури Омрико рӯйи сарони кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумлаи омилҳои калидӣ дар ниҳоӣ шудани ин тавофуқ миёни Исроил ва Ҳамос будааст.
Моҷид бен Муҳаммад ал-Ансорӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қатар, рӯзи панҷшанбе хабар дод, ки оташбаси муваққат дар навори Ғазза, аз соати ҳафти субҳи ҷумъа ба вақти маҳаллӣ оғоз хоҳад шуд. Ал-ансорӣ бо ишора ба ин ки нахустин гурӯҳ аз асирон соати 16 ҳамон рӯз табодул хоҳанд шуд, ибрози умедворӣ кард, ки ин оташбас ба оташбаси доимӣ табдил шавад.
Пойгоҳи Axios навишта, Бойден баъд аз амалиёти Ҳамос, Ҷек Селиван, мушовири аршади худ дар масоили Ховари Миёна ва яке дигар аз мушовирони аршади худ ба номи Ҷош Гелтзерро маъмури ташкили як коргурӯҳи махфиёна барои озод кардани “гаравгонҳо” кардааст.
Он тавр, ки ин пойгоҳи омрикоӣ гузориш дода, дар яке аз ҷаласоти Макгурк бо Натонёҳу, мубоҳисоти ду мақом баъд аз он ки Макгурк гуфт, ки назари Кохи сафед ин аст, ки ҳукмронии Ғазза баъд аз итмоми ҷанг дар Ғазза, ба Ташкилоти худгардони Фаластин вогузор шавад, ҷанҷолӣ шуд.
Тибқи навиштаи Axios, Натонёҳу дар он ҷаласа, ки дар Телавив баргузор мешуд, ба Макгурк гуфт: “Сарбозони мо дар Ғазза намеҷанганд, то як Фатҳистон (дар Ғазза) ба ҷо бимонад, ки андаке баъдтар як бори дигар ба Ҳамосистон табдил шавад”.
Як мақоми омрикоӣ гуфт, ҳангоме ки Макгурк дошт ҷаласаро тарк мекард, Натонёҳу бозуи ӯро гирифт ва гуфт: “Мо ба ин тавофуқ ниёз дорем”. Ӯ сипас аз Макгурк хоста Бойден як бори дигар бо амири Қатар тамос бигирад, то битавонад тавофуқи табодули асиронро ба саранҷом бирасонад.
Пойгоҳи Axios ба замони анҷоми ин дидор байни Натонёҳу ва Макгурк ишора накарда, аммо дар идомаи матн навишта, ҳангоме ки музокирот миёни Вошингтун, Телавив ва Дуҳа идома дошт, ҳамлаи заминӣ дар Ғазза оғоз шуд.
Натонёҳу ин рӯзҳо аз сӯйи хешовандони асирон ба камкорӣ барои озодии ин асиронин аз дасти Ҳамос муттаҳам шуда ва бобати ин мавзӯъ ба шиддат таҳти фишор қарор гирифтааст.
Ӯ дар ҷаласаи рӯзи гузашта бо аъзои кобинаи ҷангӣ тасмим барои табодули асиронро “тасмиме сахт” тавсиф кард, аммо гуфт, ки дар айни ҳол, ин тасмим дуруст аст.
Axios
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Абӯубайда: “Аз оғози ҷанги Ғазза, 335 худрави низомии исроилӣ мунҳадим шудаанд”
Илму ҳикмат биёмўз

Матолиби пурбоздид