Axios: Натонёҳу ва мушовиронаш аз паёми Тромп ҳайратзада шуданд
Ахбори байналмилал
Axios навишт: Натонёҳу ва мушовиронаш аз паёми Тром мабнӣ бар ин ки Исроилро аз бомбборони Лубнон “мамнӯъ” кардааст ҳайратзада шуданд, зеро бо матни тавофуқи оташбас муғоират дорад.
Натонёҳу бо дидани ин паёми Тромп ҳайрон ва нигарон шуд.
Бар асоси ин гузориш, Исроил аз Кохи Сафед хостааст, то дар мавриди паёми Тромп, мабнӣ бар ҷилавгирӣ аз ҳамалоти ҳавоӣ дар Лубнон тавзеҳ диҳад.
Дастёрони Натонёҳу талош барои фаҳмидани ин ки оё Вошинтгун мавзеи худро тағйир додааст ё на, оғоз кардаанд ва аз Кохи Сафед тавзеҳ хостаанд.
Лозим ба ёдоварист, ин паёми Тромп замоне иблоғ шуд, ки Эрон аз мавзеи худ, дар бораи шарти оташбас дар Лубнон кӯтоҳ наомад.
Қаламонлайн













