BBC ба ҷонибдорӣ аз Исроил муттаҳам шуд
Ахбори байналмилал
Беш аз 100 корманди BBC ин шабакаро ба ҷонибдорӣ аз Исроил, дар гузоришҳои марбут ба ҷанг алайҳи Ғазза муттаҳам карда ва пойбандии онро ба усули бетарафӣ хостор шуданд.
Ба гузориши Independent, нависандагон дар ин номаи саркушода, ки фарозҳое аз он дар расонаҳо мунташир шудааст, Тим Дэви, мудири кулли BBC-ро муттаҳам кардаанд, ки дар пӯшиши “одилона ва дақиқ”-и рӯйдодҳои Ғазза ва куштори фаластиниҳо кӯтоҳӣ кардааст.
Онҳо дархостҳоеро матраҳ кардаанд, аз ҷумла ин ки BBC бояд дар гузоришҳои марбут ба ҷанги Ғазза, ба таърихи муноқишот миёни фаластиниҳо ва Исроил, пеш аз 7 октябри 2023 ишора кунад.
Ин нома, ки Вилём Далримпел, муаррихи ангилисӣ, Ун Ҷонз, сутуннависи Guardian ва Ризвона Ҳамид, мудири маркази назорат бар расонаҳо дар Шӯрои мусалмонони Бритониё низ онро имзо кардаанд, ҳамчунин аз BBC мехоҳад, “ҳангоме, ки асноди кофӣ барои ҳимоят аз иддаъоҳои Исроил вуҷуд надорад” сароҳат дошта бошад, номи Исроилро дар мақолаҳое, ки муртакиби ҷиноят шудааст зикр кунад ва намояндагони кобина ва артиши Исроилро дар тамоми мусоҳибаҳо ба чолиш бикашад.
Дар ин нома омадааст: “Ҳар гузориши телевизионӣ, мақола ва мусоҳибаи радиоӣ, ки натавониста иддаъоҳои Исроилро ба чолиш бикашад, ба таври низомманд инсонияти фаластиниҳоро зери суол бурдааст.”
Ва ин дар ҳолест, ки BBC ин иддаъоҳоро рад ва иддаъо кардааст. Як сухангӯи BBC гуфт: “Мо вақте иштибоҳ мекунем ё дар наҳваи гузоришдиҳӣ тағйироте эҷод мекунем, шаффоф ҳастем. Ҳамчунин бо мухотабони худ дар мавриди маҳдудиятҳои гузоришҳоямон аз ҷумла адами дастрасӣ ба Ғазза ва дастрасии маҳдуд ба бахшҳое аз Лубнон ва талошҳои мустамарри худ барои ҷазби хабарнигорон ба он манотиқ, шаффоф рафтор кардаем.”
Қаламонлайн