Bloomberg: “Омрико дар баҳри Сурх дар муқобили Ҳусиҳои Яман дар ҳоли шикаст хӯрдан”

Bloomberg: “Омрико дар баҳри Сурх дар муқобили Ҳусиҳои Яман дар ҳоли шикаст хӯрдан”

Ахбори байналмилал

Хабаргузории омрикоии Bloomberg, дар сармақолаи худ ба қалами Ҳэл Брэндс (Hal Brands) бо унвони “Шикасти Омрико дар ҷанги баҳри Сурх” навишт:

“Соли гузашта соли пур аз иттифоқҳои пешбининашуда ва ғофилгиркунанда буд. Ҳамлаи ногаҳонии Ҳамос, хунинтарин рӯзҳои яҳуд пас аз моҷарои Ҳулукостро ба бор овард. Дар ҳоли ҳозир ҷанг байни Исроил ва Ҳамос дар Ғазза ва дар муддати замонии бисёр бештар ва тӯлонитар аз ҳадди тасаввур дар ҷараён аст ва Эрон бузургтарин ҳамлаи паҳподӣ ва мушакиро дар таърих алайҳи Исроил анҷом дод.”

Ин таҳлилгар афзуд: “Аз ҳамаи инҳо шигифтовартар, муваффақиятҳои Ҳусиҳо (Ансоруллоҳи Яман) – ки номаш ҳанӯз барои ағлаби омрикоиҳо ношинохта аст – дар шикаст додани абарқудрати ҷаҳон ва ба чолиш кашидани амният ва озодии дарёнавардӣ пас аз солиёни дароз дар ин минтақа аст.”

Ба ақидаи ин таҳлилгар, “бӯҳрони баҳри Сурх ҳамчунон нишон медиҳад, ки чӣ тавр мумкин аст як гурӯҳи фаъоли кӯчак бо истифода аз қудрат ва тавонмандиҳои андаки худ, доманаи бӯҳрон ва қудрати тахриби онро беш аз пеш густариш диҳад.”

Дар идомаи ин мақола омадааст: “Омрико дар мақоми абарқудрати ҷаҳон, худро даргири як ҷанги фарсоишӣ бо оқибати номаълум бо гурӯҳе аз яманиҳо кардааст, ки боздорандагӣ намешиносанд.”

Bloomberg

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Раиси Созмони ҷосусии хориҷии Англис (MI6): “Эрон ҳамчунон дар ҳоли барномарезӣ барои интиқомгирӣ аз терури Исмоил Ҳаниа аст”
Қаҳрамони истиқлол

Матолиби пурбоздид