CBS: “Вазорати хориҷаи Омрико табодули паём бо Эронро таъйид кард”

CBS: “Вазорати хориҷаи Омрико табодули паём бо Эронро таъйид кард”
Ахбори байналмилал
Вазорати хориҷаи Омрико, табодули паём бо Эрон дар робита бо ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи Исроилро таъйид кард.
Ба гузориши CBS, як сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико эълом кард:
“Вошингтун як паёми мактуб аз Эрон дар робита бо ҳамлаи ҳафтаи гузаштаи Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ дарёфт кардааст.”
Ин сухангӯи Вазорати хориҷаи Омрико ба CBS гуфт:
“Вошингтун ҳам дар посух як паёми мактуб ба тарафи эронӣ дода ва таъкид кардааст, Теҳрон набояд аз ҳамалоти Исроил ба унвони далеле барои ҳамла ба нерӯҳо ё мавозеи Омрико дар минтақа истифода кунад.”
Гуфтанист, муовини сиёсии дафтари раиси ҷумҳури Эрон аз ирсоли як паёми ҳушдор ба Омрико хабар дода буд.
Ҷамшедӣ дар Х навишта буд:
“Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме мактуб ба Омрико ҳушдор дод, ки дар доми Натонёҳу наяфтад: канор бикаш, то зарба нахӯрӣ! Дар посух, Омрико аз Эрон дархост кард, ки аҳдофи омрикоиро назанад.”
CBS

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фрейд ва дин
Сафари бидуни визои тоҷикон ба Туркия лағв гардид

Матолиби пурбоздид