Daily Telegraph: Тромп дигар тавони таваққуфи ҷанги Эронро надорад
Ахбори байналмилал
Daily Telegraph: Тромп дигар тавони таваққуфи ҷанги Эронро надорад
Рӯзномаи бритониёии The Daily Telegraph дар гузорише навишт, ки Доналд Тромп дигар тавони таваққуф ё идораи ҷараёни ҷанг бо Эронро надорад.
Ба навиштаи ин нашрия, таҳаввулоти ахир дар минтақа нишон медиҳад, ки вазъият аз доираи мудирияти сиёсии Вашингтон берун рафтааст ва имкони бозгашт ба марҳилаи пешини танишҳо коҳиш ёфтааст.
«Daily Telegraph» таъкид мекунад, ки бо вуҷуди изҳорот ва талошҳои дипломатӣ, идомаи даргириҳо метавонад ба густариши низоъ дар минтақа мунҷар шавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки дар чунин шароит идораи буҳрон барои Иёлоти Муттаҳида ҳарчи бештар душвор мегардад.
Қаламонлайн













