Euronews: Суқути ҳавопаймои озарбойҷонӣ бо мушаки Русия таъйид шуд
Ахбори байналмилал
Euronews дар гузорише эълом кард, ки манобеи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо такя бар натоиҷи таҳқиқоти аввалия, таъйид карданд, ки мушаки “Замин ба ҳаво”-и Русия боиси суқути ҳавопаймои хутути ҳавоии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Актауи Қазоқистон шудааст.
Тибқи гузориши расонаҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо такя бар манобеи давлатии Боку, мушак аз сомонаи падофанди ҳавоии PANTSIR-S партоб шуд.
Ба гуфтаи манобеи русӣ, дар замоне, ки парвози ҳавопаймои озарбойҷонӣ дар ҳоли убур бар фарози Чечен буд, нерӯҳои падофанди ҳавоии Русия, дар талош барои сарнагунии паҳподҳои укройнӣ буданд.
Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Чечен ҳам таъйид карда буд, ки субҳи чаҳоршанбе пойтахти Чечен ҳадафи ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифт.
Ин ҳавопаймо ҳомили 67 сарнишин буд, ки фақат 29 нафари онҳо наҷот ёфтаанд. Аз байни 10 ҷасади шиносоишуда, 3 нафар шаҳрванди Русия, 3 нафар шаҳрванди Қазоқистон ва 4 шаҳрванди Ҷумҳурии Озарбойҷон буданд.
Euronews
Қаламонлайн