France24: Ҳиндуҳои ифротӣ ба дунболи берун рондани мусалмонони Ҳинд аз шаҳрҳои “муқаддаси” худ ҳастанд

France24: Ҳиндуҳои ифротӣ ба дунболи берун рондани мусалмонони Ҳинд аз шаҳрҳои “муқаддаси” худ ҳастанд

Ахбори байналмилал

France24

Ҳиндуҳои ифротӣ бо ҳимоятҳои ҳизби ҳоким ба дунболи эҷоди ваҳшат дар миёни мусалмонони Ҳинд ва берун рондани онон аз сарзаминҳое ҳастанд, ки онҳоро “муқаддас” қаламдод мекунанд.

Ба гузориши France24, Муҳаммад Салим, аз ҷомеаи ақаллияти мусалмон дар Пурола дар аёлати шимолии Уттаракхан аст, ки дар моҳи майи 2023 маҷбур шуд бо зан ва се фарзанди духтараш аз хонаи худ фирор кунад. Ӯ мегӯяд, агар фирор намекард, ба дасти ифротиҳои ҳинду қитъа-қитъа мешуд. Салим, ки мағозаи либосфурӯшии ӯ ғорат шуда, акнун бо хонаводааш дар ҳудуди 100 километрии шаҳри Харидвар дар як хонаи начандон муносиб зиндагӣ мекунад ва барои гузарони зиндагии худ бо мушкил мувоҷеҳ аст. Ӯ мегӯяд, маҷмӯан 60 ҳазор доллар сармояаш дуд шуд.

Ракеш Томари 38-сола, яке аз касоне аст, ки бо ба роҳ андохтани як гурӯҳи тундрави ҳинду алайҳи мусалмонон, дар минтақа фаъолият ва таблиғ мекунад. Ин фаъоли миллигарои тундрав мустақар дар Дехрадун, пойтахти аёлат, аз аслитарин омилҳои таҳдид алайҳи мусалмонон аст.

Томар, бо ишора ба зиёратгоҳҳои атрофи сарчашмаҳои “муқаддаси” рӯдхонаи Ганга дар ин аёлат, ки масоҳате бузургтар аз Суис (Швейтсария) дорад, гуфт: “Уттаракханд сарзамини “муқаддаси” ҳиндуҳо аст. Мо таҳти ҳеч шароите намегузорем Ҳинд ба як кишвари исломӣ табдил шавад, ҳатто агар маҷбур бошем барои он ҷони худро фидо кунем.”

Ин дар ҳолест, ки бар асоси охирин саршуморӣ дар соли 2011, танҳо 13 дарсад аз ҷамъияти 10 миллионии Уттаракханд мусалмон ҳастанд.

Ин фаъоли тундрави ҳинду мегӯяд, барои фалаҷ кардани касбу кори мусалмонон, мағозадорони ҳиндуро маҷбур карда номи мағозаҳоро ҳинду интихоб кунанд, то фақат ҳамкешон аз онҳо харид кунанд.

Баъд аз рӯйи кор омадани ҳизби Бхаратия Ҷаната Парти (БДП) ба роҳбарии Нарендре Моди, нахуствазир, фишор бар мусалмонони Ҳинд афзун шудааст. Ҳиндуҳои ифротӣ бо интишори шойеоте монанди ҷиҳоди ишқ ё фиреб додани духтарони ҳинду ба дасти ҷавонони мусалмон, саъй дар таҳрики дигарон алайҳи мусалмонон доранд. Садои азон, масоҷид, забҳи гов ва ҳатто ҳиҷоби исломӣ низ аз дигар мавзӯъоте аст, ки боиси бурузи амалиёти нафрат алайҳи мусалмонони Ҳинд шудааст. Аз сӯйи дигар, сиёсатҳои тафриқаангез ва нафратпароканонаи ҳизби ҳоким низ боиси сахт шудани авзоъ барои 200 миллион мусалмони Ҳинд шудааст.

France24

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Меҳрварзӣ ба ҳамсар
Мардуми Яман: “Мо Фаластин ва Ғаззаро раҳо нахоҳем кард”

Матолиби пурбоздид