Guardian: Ҳамос шикастнопазир аст

Guardian: Ҳамос шикастнопазир аст
Ахбори байналмилал
Рӯзномаи ангилисии Guardian, дар таҳлиле, бо ишора ба рӯ ба поён овардани табодули зиндониён навишт, ки Ҳамос умедвор аст дар даври баъдии даргирӣ бо саҳюнистҳо, бо баҳрабардорӣ аз ифротгариҳои Исроил, ҷангро дар дарозмуддат ба нафъи ҷунбиши муқовамати исломӣ ба поён бибарад ва шикастнопазирии худро ба исбот бирасонад.
Ҷейсон Берк (Jason Burke), таҳлилгари Guardian менависад:
Марҳилаи нахусти ҷанги Исроил ва Ҳамос, ки пас аз ҳамалоти 7 октябр оғоз шуд, рӯ ба поён аст. Чӣ оташбаси пойдортаре пеши рӯ бошад ва ё даври ҷадиде аз даргириҳо оғоз шавад, ҳар он чи пеш ояд, мутафовит аз он чи гузашт, хоҳад буд.
Таҳлилгарон мегӯянд, ки шонси чандоне барои тамдиди беш аз 10 рӯзи оташбас вуҷуд надорад ва ба назар мерасад, яке аз далоили он, рӯ ба поён будани гаравгонҳо ё зиндониёне бошад, ки тарафайни даргирӣ метавонанд онҳоро нисбатан бе дарди сар озод кунанд. Фаластиниҳое, ки то кунун аз зиндонҳои Исроил озод шуданд, ҳамонанди гаравгонҳои озодшуда тавассути Ҳамос, умдатан занон ва кӯдакон ҳастанд.
Эҳтимолан оташбаси кунунӣ шомили озодии афроде аз ҳудуди 180 гаравгони боқимонда назди Ҳамос ва ҳазорон фаластинӣ дар зиндонҳои Исроил бишавад, ки солхӯрда ва бемор ҳастанд. Аммо ин мавзӯъ на танҳо зӯрозмоии ояндаро ба таъвиқ намеандозад, балки аз он ҷилавгирӣ ҳам намекунад.
Ҷон Алтерман, мудири барномаи Ховари Миёна дар Маркази мутолеоти байналмилалӣ ва роҳбурдӣ дар Вошингтун, дар мавриди марҳилаи дуввуми ҷанги Ғазза гуфт: “Ҳамос умедвор аст, ки Исроил он чунон зарбае ворид кунад, ки худаш тазъиф шавад. Ифроти Исроил, ба суди Ҳамос аст ва иқдомҳои “нафратангез”-и он боиси эҷоди ҳамдардӣ бо Ҳамос ва зиддият бо Телавив мешавад.”
Вай афзуд: “Бинобар ин, агар Ҳамос битавонад дар баробари ин зарбаҳо тоб биёварад, дар дарозмуддат ба нафъи ин гурӯҳ аст, чун Ҳамос ба чизе ҷуз пирӯзӣ дар ҷанг намеандешад.”
Созмони радио ва телевизиони Исроил дишаб эълом кард, ки музокирот дар Қатар барои дастёбӣ ба як тавофуқи ҷадиди оташбас дар навори Ғазза, дар ҳоли анҷом аст.
Ин манбаъи хабарӣ эълом кард, ки ин тавофуқи ҷадид, шомили озодии тамоми исроилиҳо аз ҷумла низомиён хоҳад буд.
Ин созмон таъкид кард, ки ба мӯҷиби ин тавофуқ, қарор аст аз тарафи муқобил низ асирони амниятии фаластинӣ (асироне, ки ба анҷоми амалиётҳои зидди исроилӣ муттаҳам ҳастанд) озод шаванд.
Музокироти ахир, ки бо миёнҷигарии Дуҳа анҷом шуд, ба як оташбаси муваққати чаҳоррӯза аз ҷумла озодии мутақобили асирон миёни режими ишғолгари саҳюнистӣ ва муқовамати Фаластин дар Ғазза мунҷар шуд. Ин оташбас аз ҷумъаи гузашта оғоз шуд ва душанбешаб ба поён расид, аммо бо талошҳои миёнҷигарони қатарӣ, мисрӣ ва омрикоӣ барои 2 рӯзи дигар тамдид шуд.
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Тӯфон ал-Ақсо” хомӯш шуданӣ нест!”
Ӯ кист?

Матолиби пурбоздид