Haaretz: “Сақфи дархостҳои Ҳамос бисёр болост”

Haaretz: “Сақфи дархостҳои Ҳамос дар музокира бисёр болост ва пазириши он ба маънои эътирофи Натонёҳу ба шикаст дар ҷанг аст”
Ахбори байналмилал
Haaretz
Таҳлилгари рӯзномаи исроилии Haaretz навиштааст, баҳое, ки Ҳамос бобати озодсози асирони исроилӣ дар навори Ғазза металабад, ба маънои эътироф ба шикасти давлат ва артиш дар ҷанг аст.”
Амос Ҳарел, таҳлилгари низомии Haaretz, дар ёддоште дар ин рӯнома навиштааст: “Ҷунбиши Ҳамос барои дастёбӣ ба як тавофуқи ҷадид, хостори оташбаси доимӣ ва таъаҳҳуди Исроил барои осеб нарасондан ба раҳбарони худ аст, ин ба маънои поёни ҷанг бидуни дастёбӣ ба аҳдофи эъломкардаи Исроил аз ҷумла нобудсозии Ҳамос ва тавоноиҳои он аст.”
Ҳарел афзуда: “Бар хилофи он чи аз бархе гузоришҳои расонаӣ метавон фаҳмид, ҳанӯз ҳеч пешниҳод дар бораи тавофуқи ҷадид барои озодсозии асирони исроилӣ тавассути Ҳамос дар навори Ғазза рӯйи миз нест, балки танҳо афкор ва ибтикори амалҳое аз сӯйи миёнҷигарон (Қатар, Миср бо ҳимояти Омрико) матраҳ аст.”
Ин таҳлилгари исроилӣ изҳор дошта: “Хостаҳои Ҳамос дар даври кунунӣ бисёр боло ба назар мерасад ва сӯҳбат танҳо дар мавриди муомилаи ҳама дар муқобили ҳама нест, бад-ин маънӣ, ки озодии ҳамаи асирони исроилӣ дар изои озодии ҳамаи асирони фаластинӣ ва ҳамчунин нерӯҳои нухба, ки дар амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” мушорикат доштанд бошад, балки Ҳамос хостори ду мавзӯъи изофии дигар ва муртабит бо ҳам аст: оташбаси доимӣ ва таъаҳҳуди Исроил ба осеб нарасондан ба раҳбарони ин гурӯҳ.”
Ҳарел ҳамчунин тасреҳ кардааст: “Мувофиқати Исроил бо чунин тавофуқе ба маънои поёни ҷанг ба шакли кунунии он хоҳад буд ва балки фаротар аз он ба маънои эътирофи давлат ва артиш ба ин аст, ки ду бор шикаст хӯрдаанд, як бор дар шурӯъи ҷанг ва амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” ва як бор ҳам дар таҳаққуқбахшӣ ба аҳдофи баландпарвозонае, ки дар пайи ин амалиёт барои худ тарсим карданд, ки шомили шикаст додани Ҳамос ва аз байн бурдани тавоноиҳои он аст.”
Амос Ҳарел идома додааст: “Дар сатҳи раҳбарони амниятӣ ва сиёсӣ касоне ҳастанд, ки муддаанд гурезе аз ин амр (мувофиқат бо тавофуқ) нест, зеро ин аҳдоф бо ҳадафи дигар яъне озодсозии асирони исроилӣ дар тазодд аст, дар ҳоле, ки ҳадафи дуввумӣ танҳо ҳадафе аст, ки дар ҳоли ҳозир метавон ба он даст ёфт.”
Ба эътиқоди худи мақомот, “шикасти ваҳшатноки давлат дар 7 октябр, ки хонаводаҳоро дар минтақаи ғилофи Ғазза ва ширкаткунандагон дар меҳмонии ин минтақаро дар маърази марг ва асорат қарор дод, давлатро мулзам мекунад, ки ин вазъиятро ҳатто агар ба қимати эътироф ба шикаст бошад, ки амалан ба маънои таъйиди пирӯзии Ҳамос аст, қабул кунанд.”
Ақибнишинии бесобиқа
Бар асоси он чи дар ин рӯзнома омадааст, барои Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил, “пазируфтани чунин тавофуқе бисёр душвор хоҳад буд. Аввалан, ба ин далел, ки илова бар эътироф ба шикаст дар ҷанг, ин амр ақибнишинии бесобиқа дар ҳаҷми озодсозии асирони фаластинӣ хоҳад буд. Сониян, даст ёзидан ба чунин иқдоме, ба эҳтимоли зиёд мӯҷиби фурӯпошии эътилофи ҳоким ва хуруҷи шуракои ифротии ӯ яъне Итамар Бен Гауэр ва Бетсалеля Самутрих Бетсалеля хоҳад шуд.”
Ҳарел навиштааст: “Натонёҳу дар ҳоли ҳозир худро ба нодонӣ мезанад ва баҳона меоварад, аз як тараф ҳар ду рӯз як бор ваъдаҳои тухолӣ дар бораи ҷанг то пирӯзӣ мунташир мекунад, аз тарафи дигар посухҳои мубҳамро аз тариқи миёнҷиҳо ба Ҳамос медиҳад, то ба зоҳир раванди музокиротро ҳифз кунад, аммо дар воқеъ ҳеч пешрафте дар ин замина ҳосил намешавад.”
Haaretz
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи Яман ба як киштии озими Исроил
Ҳамлаи мушакии Сипоҳи Эрон ба мақарри ҷосусии Исроил дар Ироқ

Матолиби пурбоздид